Ширкати чинӣ дар Андиҷон корхонаи автомобилҳои боркаш месозад

    Саноат 21 Oktabr 2024 1585

    Ширкати чинии “Faw Trucks” дар вилояти Андиҷон мошинҳои боркаш тавлид мекунад. Дар ин бора хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят хабар додааст.

    Мувофиқи лоиҳа соле 10 ҳазор мошини боркаш истеҳсол карда мешавад, ки сохтмони завод дар моҳи ноябри соли ҷорӣ оғоз меёбад.

    Ҳайати роҳбарияти ширкат дар доираи сафари худ ба вилоят бо роҳбарияти ҳокимияти вилоят гуфтушунид анҷом дод.

    Арзиши умумии лоиҳа 100 миллион доллар буда, дар назар аст, ки дар чаҳорчӯбаи он заводи соле ба истеҳсоли 10 ҳазор мошини боркаш ихтисосонидашуда бунёд карда шавад.

    Бар замми ин, аъзои ҳайат бо корҳои созандагии минтақаи озоди иқтисодии “Ипак йўли”-и Андиҷон шинос шуданд. Ба онҳо дар бораи корҳои сохтмони лоиҳаи истеҳсоли таҷҳизоти тозакунандаи ҳаво ва кондитсионерҳо таҳти тамғаи «NAWAS» маълумот дода шуд.

    Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Букаи вилояти Тошканд аз ҳисоби сармоягузории мустақим ба маблағи 150 миллион доллар сохтмони як неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 263 МВт оғоз шуд. Лоиҳаро ширкати чинии China Datang амалӣ мекунад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates