Ширкатҳои SpaceX пешниҳод карданд, ки намояндагии худро дар Ӯзбекистон боз кунанд

    Дар доираи конфронси байналмилалии “Space Technology Conference STC-2022” 10 май вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Шерзод Шерматов бо намояндаи ширкати SpaceX Бен Мак Вилямс мулоқот анҷом дод.

    Тавре дар ин нишаст зикр гардид, шикати SpaceX ҳоло дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон як қатор лоиҳаҳои бузургро амалӣ мекунад. Намояндаи ширкат ҳамчунин изҳори омодагӣ кард, ки чунин лоиҳаҳоро дар Ӯзбекистон амалӣ созад.

    Дар ҳамин ҳол, Вазорати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ба намояндаи ширкат пешниҳод кардааст, ки бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар Ӯзбекистон намояндагӣ ифтитоҳ намояд.

    Аз рӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мубодилаи ҳаматарафаи афкор барпо гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates