Ширкати "Total Eren" ният дорад ҳамкориро бо Ӯзбекистон густариш диҳад

    Сармояҳо 20 Yanvar 2023 1439

    19 январи соли равон дар вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазир Лазиз Қудратов бо Ноиби президенти ширкати "Total Eren" Антуан Гаррет мулоқот кард.

    Дар маркази эътибори тарафҳо ба натоиҷи иҷрои лоиҳаҳои муштарак ва нақшаҳои густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рушди манбаҳои таҷдидшавандаи энергия қарор доранд.

    Аз ҷумла, ҳамчун намунаи самаранокии саъю талошҳои муштарак зимни мулоқот бомуваффақият ба истифода додани неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 100 МВт дар моҳи апрели соли 2022 дар ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд таъкид гардид.

    Пайравии "Total Eren" барои тавсеаи ҳузури худ дар Ӯзбекистон тавассути татбиқи лоиҳаҳои нави калонмиқёси сармоягузорӣ изҳор гардид. Дар ин замина ҷонибҳо имкони бунёди неругоҳҳои нави фотоэлектрикӣ дар кишвари моро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССС.

    Барои маълумот: "Total Eren" ба сохтмон, тарҳрезӣ, маблағгузорӣ ва истифодабарии неругоҳҳои барқӣ дар асоси манбаҳои барқароршавандаи энергия тахассус дорад. Ширкат дар 22 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад. Портфели умумии иқтидорҳои насбшуда ва лоиҳаҳои банақшагирифтаи "Total Eren" зиёда аз 4 ГВт иқтидори тавлидиро дар бар мегирад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates