Ширкат-соҳиби «Zara», «Pull & Bear», «Bershka» имкони татбиқи лоиҳаҳоро дар Ӯзбекистон меомӯзад

    Тиҷорат 10 Iyun 2022 1504

    Дар вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ӯзбекистон бо намояндагони Маъмурияти устувории иҷтимоии ширкати "INDITEX"-и Испания вохӯрӣ ба амал омад.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо ислоҳоти солҳои охири соҳаи саноати нассоҷии Ӯзбекистон, аз ҷумла ҷорӣ намудани усули нави муносибати «кластерӣ» дар парвариш ва коркарди пахта, барҳам додани меҳнати кӯдакон ва маҷбурӣ ҳангоми ғунучин ва рӯёндани пахта, дастгирии низомноки давлатии корхонаҳои соҳа, ки либоси eco-friendly истеҳсол мекунанд, аз ҷониби Ӯзбекистон гирифтани мақоми кишвари бенефисиари Низоми умумиҷаҳонии сабукиҳои EC "GSP+", инчунин аз байн бардоштани байкоти ҷаҳонӣ аз пахтаи Ӯзбекистон аз ҷониби коалитсияи байналмилалии Cotton Campaign-ро баррасӣ намуданд.

    Инчунин, чораҳои муассир оид ба дастгирии тиҷорат дар кишвар, имкониятҳо барои афзоиши соҳибкорӣ ва пешомади афзун гардондани портфели сармоягузории ширкат дар Ӯзбекистон ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.

    Дар рафти мулоқот ба намояндагони "INDITEX" дар бораи имкониятҳо барои баланд бардоштани ҷалби истеҳсолкунандагони нассоҷии Ӯзбекистон ба занҷири ҷаҳонии истеҳсолот ва интиқол, неруи ширкатҳои бофандагӣ ва кластерҳои пахтаву нассоҷии дар Ӯзбекистон амалкунанда, андешидани чораҳо оид ба беҳтар гардондани шароити меҳнати кормандони соҳа, коҳиш додани таъсири раванди истеҳсолӣ ба муҳити зист ва истеъмолгарон маълумот дода шуд.

    Иштирокчиёни вохӯрӣ дурнамои роҳандозии фаъолияти ширкат дар Ӯзбекистон, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қадамҳои минбаъда оид ба омӯзиши иқтидори саноатии соҳаи нассоҷӣ, арзёбии иқтидори бозор ва рушди дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои амалӣ муайян шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    Барои маълумот: ба "INDITEX", ки дороиҳо бо арзиши умумии тақрибан 20 миллиард долларро идора мекунад, машҳуртарин брендҳои нассоҷии ҷаҳон, аз ҷумла "ZARA", "Bershka", "Massimo Dutti", "Pull & Bear" ва дигар тамғаҳо шомиланд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates