Низоъ дар Украинаро пешгирӣ кардан мумкин буд, изҳор кард Путин

    Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки агар НАТО ба марзҳои Русия наздик намешуд, низоъ дар Украинаро пешгирӣ кардан мумкин буд.

    «Агар кори мо бо маъмурияти Байден ба таври дигар сурат мегирифт, Украина дар дасти дигарон ба силоҳи харобиовар табдил намеёфт, аз блоки Атлантикаи Шимолӣ, ки ба сӯи марзҳои мо пеш меравад, ба ин ҳадаф истифода намешуд, агар Украина дар ниҳоят истиқлолият ва соҳибихтиёрии воқеии худро нигоҳ медошт, пешгирӣ кардани ин (низоъ дар Украина) имконпазир мегардид», гуфт Путин дар ҷамъомади Клуби байналмилалии мубоҳисавии «Валдай».

    Клуби байналмилалии мубоҳисавии «Валдай» як иттиҳодияи пешбари коршиносони хориҷӣ ва Русия дар сиёсатшиносӣ, иқтисод, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Клуб соли 2004 таъсис ёфтааст. Номи клуб аз номи кӯли Валдай гирифта шудааст. Сабаб, аввалин конфронси он дар Великий Новгород, дар наздикии кӯл баргузор гардида буд, хабар медиҳад ria.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates