Бино ба маълумоти Вазорати экология, қалъаи Дешон соли 1842 бо фармони хони Хива Аллоқулихон сохта шудааст. Афсӯс, ки он ҳоло дар ҳолати фарсуда қарор дорад. 2000 метри девори 6200-метра комилан хароб ва 2500 метри он корношоям шудааст. Илова бар ин, дар тӯли солҳо дар атрофи девор як қатор иншоотҳои ғайриқонунӣ сохта шудаанд. Дар натиҷа дар гирду атрофи девори «Қалъаи Дешон» барои сайру гашт ҷой намондааст.
Тибқи маълумот, Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим пеши худ мақсад кардааст, ки қалъаи Дешонро чун “Ичан қалъа” ба як маскани сайёҳӣ табдил дода, девори харобшударо барқарор намояд ва сабзу хуррам карда, ҳамчун макони сарсабз ба аҳолӣ баргардонад.
Барои маълумот, “Ичан қалъа” яке аз ҷойҳои ҷолибтарин дар Ӯзбекистон аст. Маҷмаа дорои 58 мероси фарҳангӣ ва ёдгориҳои бостонӣ, беш аз 28 экспозитсия, 56670 экспонат ва ашёи таърихӣ ва 174 дӯкони ҳунармандӣ аст, ки сайёҳонро ҷалб мекунад. Соли 2024 ҳудуди 1 миллион хориҷӣ ва 3,5 миллион сайёҳони маҳаллӣ аз “Ичан қалъа” дидан карданд. Интизор меравад, ки то охири соли 2025 ду миллион сайёҳи хориҷӣ ва қариб 5 миллион сайёҳи дохилӣ аз ин маскан боздид кунанд.
Барои наҷоти «Қалъаи Дешон» тасмим гирифта шудааст, ки 55 объекти истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии маҳаллаи «Шихлар»-и шаҳри Хива ба дигар маҳаллаҳо кӯчонида шавад. Дар ҷои онҳо бунёди «майдонҳои сабз» ва «боғҳои сабз», шинонидани дарахтон, анҷом додани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар назар аст.
Илова бар ин, девори қалъа дар асоси стандартҳои миллӣ барқарор ва ба ҳолати кӯҳнааш баргардонида шуда, дар атрофи он долонҳои 1,5-2,0 метр кушода мешаванд. Инчунин, дар маҳаллаҳои “Шихлар” ва “Ангарик”, ки ба ин мавзеъ пайвастаанд, маҷмааи сайёҳии замонавӣ бунёд хоҳад шуд.










