Гӯшти мурғ аз Пскент ба ширкати KFC-и Тоҷикистон интиқол дода мешавад

    Тиҷорат 29 Oktabr 2021 940

    Моҳи октябри соли равон миёни корхонаи мурғпарварии «Saxovat» ва KFC Тоҷикистон оид ба таҳвили маҳсулоти нимтайёр аз гӯшти мурғ созишнома ба имзо расид. Ширкати ӯзбекистонӣ ният дорад то охири соли ҷорӣ то 30 тонна ин маҳсулотро ба Тоҷикистон содир кунад.

    Saxovat ҳамчун таъминкунандаи шабакаи байналмилалии тарабхонаҳои KFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сабабҳо, аз ҷумла мутобиқат ба талаботи ҷаҳонии KFC оид ба истеҳсол ва назорати сифати маҳсулот, мавҷудияти сертификати байналмилалии SGS, ки мавҷуд набудани маводи биологӣ ва олудашавии кимиёвиро дар маҳсулот тасдиқ мекунад, мавҷудияти сертификати «Ҳалол» ва нархи рақобатпазир бо сабаби наздикии ҷуғрофии кишварҳо ва дастгирии давлатии паррандапарварӣ дар Ӯзбекистон интихоб шудааст.

    Дар бахши пскентии Saxovat коргоҳи алоҳида фаъолият дорад, ки барои занҷирҳои KFC дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маҳсулот истеҳсол мекунад.

    Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июни соли 2021 паррандапарварони Ӯзбекистон барои фурӯши тухм ва гӯшт субсидия гирифтанд, як қатор андозҳо 2 баробар, инчунин пӯшонидани як қисми пардохтҳои фоизҳои қарзҳо кам карда шуданд. Ин арзиши аслии махсулотро арзон ва имкониятхои содиротии ҷумҳуриро васеъ намуд. То 1 октябри соли равон саршумори парранда дар Ӯзбекистон ба 86 миллион сар расид (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 фоиз зиёд аст).

    Тибқи натиҷаҳои давраи моҳҳои январ-сентябр, бар асоси маълумоти Кумитаи давлатии омори ҶТ, Тоҷикистон дар феҳристи бузургтарин шарикони тиҷоратии Ӯзбекистон дар ҷои 11-ум қарор дорад. Гардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳо дар давраи зикршуда 407,5 миллион долларро ташкил дод. Тоҷикистон яке аз чаҳор кишвари 20 шарики аввал аст, ки Ӯзбекистон бо онҳо тавозуни фаъоли тиҷорати хориҷиро нигоҳ медорад (содирот аз воридот бештар аст).

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates