Дар
ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои шарикии
ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Русия
дар заминаи татбиқи амалии тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ шуданд.
Бо
қаноатмандӣ аз тамосҳои самарабахш дар сатҳҳои гуногун ёдовар шуданд. Робитаҳои
байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ фаъолона рушд меёбанд.
Ҳаҷми
гардиши мол устуворона афзоиш ёфта, аз аввали сол 23 фоиз зиёд шудааст. Татбиқи
лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳои
афзалиятнок, аз ҷумла дар сатҳи минтақаҳо идома дорад.
Роҳбарони
Ӯзбекистон ва Русия ҳамчунин ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва
бисёрҷонибаро баррасӣ карданд.