«ЛУКОЙЛ» шабакаи нуқтаҳои сӯзишворипуркуниро дар Ўзбекистон густариш медиҳад

    Саноат 4 Aprel 2024 2838

    Гурӯҳи ЛУКОЙЛ дар шоҳроҳи М39-и Ӯзбекистон дар қитъаи "Тошканд-Самарқанд" дар 12-километр аз Тошканд ду маҷмӯи бисёрфунксионалии пуркунии сӯзишвориро ба истифода дод.

    Дар маросими ифтитоҳ вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ўзбекистон Ҷўрабек Мирзомаҳмудов иштирок кард, хабар медиҳад хидмати матбуот ширкат.

    Масоҳати умумии замин барои бунёди стансияи сӯзишворипуркунӣ тақрибан ду гектарро ташкил дод. Дар худуди стансияи сӯзишворипуркунӣ қаҳвахонаҳо, мағозаҳо, майдончаҳои бачагона ва майдончаи воркаутн мавҷуданд.

    Маҷмӯъҳои бисёрфунксионалии сӯзишворипуркунии ЛУКОЙЛ дар асоси беҳтарин стандартҳои байналмилалӣ, мутобиқ ба шароити иқлим ва бо назардошти хусусиятҳои фарҳангии минтақа сохта шудаанд. Дар истгоҳ намозхонаҳо ва айвонҳои истироҳатӣ бо шишабандии ба ду тараф кушодашаванда муҷаҳҳаз гардида, танур – танӯри бирёнкунанда барои тайёр кардани таомҳои миллӣ гузошта шудааст.

    Корҳо оид ба ободонии нуқтаи сӯзишворипуркунӣ бо назардошти ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи байналмилалӣ - зиёда аз 40 ҳазор мошин дар як рӯз анҷом дода шуданд. Дар роҳи Тошканд то Самарқанд - бузургтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон ронандагон метавонанд истироҳат кунанд ва мошинҳои худро бо навъи аълосифати сӯзишвории ЛУКОЙЛ, аз ҷумла ЭКТО -100 пур кунанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates