Масъалаҳои ободонии маҳаллаҳо баррасӣ гардиданд

    Ҳукумат 25 Iyun 2024 1110

    Президент Шавкат Мирзиёев 25 июн бо тақдимоти пешниҳодот оид ба таъмини ободонии маҳаллаҳо шинос гардид.

    Дар мамлакатамон тамоми барномаҳо дар дараҷаи маҳаллаҳо ба амал татбиқ мегарданд. Ба ин низом ваколат ва имконоти зиёд дода шудааст. Аз ин боис ободонӣ ва вазъият дар маҳаллаҳо ба талабот бояд ҷавобгӯ бошанд.

    Ҳоли ҳозир дар мамлакат қариб 10 ҳазор маҳалла вуҷуд дорад. Аз он қариб се ҳазораш аз иморатҳои бисёрҳуҷра иборат мебошад, ки ба онҳо 821 ширкати идораи хидматрасон хидмат мекунад. Дар беш аз 6400 маҳалла, ки дар онҳо иморатҳои хусусӣ воқеъ гаштаанд, ободонӣ ва кабудизоркунӣ асосан ба тариқи ҳашар анҷом дода мешавад.

    Аз ин рӯ, дар чунин маҳалҳо ба вуҷуд овардани ширкатҳои хидматрасонии маҳалла пешниҳод мегардад. Бинобар пешниҳодот, ин ташкилотҳо бо ободонии маҳалла, таъмини покизагии кӯчаву ҷӯйборҳо, ниҳолшинонӣ ва парвариши онҳо машғул хоҳанд гардид. Онҳо инчунин дар бобати таъмири шабакаҳои коммуналӣ, саракунӣ ва кашондани партов дар асоси шартнома хидмат мерасонанд.

    Ширкати хидматрасонӣ аз ҷумлаи соҳибкорони соҳибмалака дар асоси қарори шӯрои маҳалла интихоб карда мешавад. Кор дар бобати ободонӣ бинобар фармоиш ва зери назорати маҳалла иҷро мегардад. Барои пардохти хидмати ширкати хидматрасонӣ ба ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳалла ҳар моҳ 20 миллион сӯм ҷудо карда мешавад. Инчунин онҳо метавонанд ба аҳолӣ беш аз 20 намуди гуногуни хидмати иҷтимоии пулакӣ пешниҳод кунанд.

    Умуман, ин низом ба маҳалла фараҳнокӣ оварда, маданияти тозагӣ ва дахлдориро дар одамон баланд мебардорад. Устоён ва шаҳрвандони муваққатан бекорро бо шуғл фаро мегирад.

    Зимни тақдимот таъкид шуд, ки ширкатҳои хидматрасонӣ аввал дар 208 маҳалла ба сифати озмоиш ташкил карда мешаванд. Пешниҳод гардид, ки бо назардошти натиҷаҳои озмоиш таҷрибаи мазкур дар тамоми маҳаллаҳо татбиқ карда шавад.