Тартиби ба биржа гузоштани маҳсулоти маҳаллӣ содда карда шуд

    Ҳукумат 17 May 2022 4875

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 17 май оид ба масъалаҳои афзун гардондани ҳаҷми савдо дар биржаи молу ашёи хом ва вусъат додани иштироки корхонаҳои маҳаллӣ дар он ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

    Биржа асоси иқтисоди бозорӣ мебошад. Савдо дар биржа рақобати озодро ба вуҷуд оварда, барои соҳибкорон бозорҳои нав мекушояд, ба коҳиши “иқтисоди сояафкан” ва фасод мусоидат мекунад.

    Дар натиҷаи ислоҳот муомилоти мол дар биржаи молҳои ҷумҳурӣ дар давоми се соли охир ду баробар афзуда, ба 90 триллион сӯм расид, ҳаҷми фуруши мол се баробар зиёд шуд.

    Ба ғайр аз ин, дар кишварҳои хориҷӣ 20 майдони савдои Биржаи ҷумҳуриявии молу ашёи хом ташкил карда шуданд, ки ба воситаи онҳо дар тӯли чор моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 170 миллион доллар маҳсулот фурухта шуд. Ҳамзамон, беш аз 1,2 ҳазор ширкати хориҷӣ ба намоиши ҳаҷми бузурги маҳсулот дар биржаи фондии Ӯзбекистон шурӯъ карданд.

    Дар гузашта дар музояда шумораи зиёди миёнаравҳо иштирок мекарданд. Соли гузашта корхонаҳои калон ба туфайли савдои шаффоф дар биржа ба таври илова 8 триллион сӯм даромад гирифтанд.

    Аммо дар ташкили савдои биржа, вусъат додани иштироки соҳибкорони маҳаллӣ ҳануз камбудиҳо ҷой доранд.

    Масалан, 85 фоизи муомилоти биржа ба 45 намуди молҳои сердаромад рост меояд. Дар савдоҳои биржа ҳиссаи маҳсулоти нассоҷӣ, абрешимӣ, чарм ва кабелӣ, корхонаҳои вилоятҳои Сирдарё, Андиҷон ва Сурхондарё паст боқӣ мемонанд.

    Ба ин муносибат, сарвари давлат ба зарурати фаъол намудани иштироки ноҳияҳоро дар баровардани маҳсулоти маҳаллӣ ба биржа таъкид кард.

    Масалан, аз 1 июл дар биржа 500 ҳазор тонна гандум гузошта мешавад. Дар ҷамъомад доир ба ташкили ин раванд, ба қайд гирифтани фермерону боркашонҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

    Аз ҷумла, ҳангоми ба биржа гузоштани ғаллаи фермерон гарав талаб карда намешавад. Пардохти моли фурухташударо биржа худи ҳамон рӯз медиҳад. Биржа ба фермер сари вақт ва пурра ги-рифтани пулро кафолат медиҳад.

    — Ин имконияти хубест барои васеъ кардани иштироки ноҳияҳо дар биржа, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Имрӯз аз зиёда аз 45 ҳазор корхонаи саноатии маҳаллӣ танҳо 3,6 ҳазораш маҳсулоти худро ба биржа мегузорад. Албатта, ин хеле кам аст.

    Ба ин муносибат тартиби ба биржаи фондӣ ворид кардани маҳсулоти маҳаллӣ содда карда мешавад.

    Аз ҷумла, аз 1 июл дар биржа бахши алоҳидаи молҳои ояндадор таъсис дода мешавад, ки дар он соҳибкорони маҳаллӣ метавонанд бидуни ҳуҷҷатҳои иловагӣ маҳсулоти худро ба фурӯш гузоранд. Пас аз он молҳои серхаридор дар майдонҳои асосии савдои биржа гузошта мешаванд. Тартиби бақайдгирии соҳибкорон дар як вақт бо бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.

    2 маротиба кам кардани комиссияи табодули маҳсулоти соҳибкорони маҳаллӣ қулайи дигар хоҳад буд. Ҳангоми гузаронидани назорати андоз аз молҳое, ки соҳибкорон тавассути биржаи фондӣ фурӯхта ё харидаанд, санҷишҳои иловагӣ гузаронида намешаванд.

    Қайд карда шуд, ки бо истифода аз чунин имкониятҳо муомилоти молро дар биржа ду баробар зиёд кардан мумкин аст. Аз ҷумла, захираҳои бузурги саноати кимиё, нафту газ, металлургӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ зикр карда шуд.

    Ба зиёд кардани ҳаҷми савдои экспорту импорт дар биржа диққати махсус дода шуд. Барои содда кардани тартиботи дахлдор чораҳо муайян карда шудаанд.

    Дар ҷамъомад ҷиҳати мусоидат ба соҳибкороне, ки хоҳиши иштирок дар савдои биржа, омода намудани мутахассисонро дар ин самт доранд, як қатор вазифаҳо гузошта шуданд.

    Роҳбарони соҳаҳо ва вилоятҳо дар бораи нақшаҳои вусъат додани савдо дар биржа ҳисобот доданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates