Дар шароити ноустувори ҷаҳонӣ ҳар як давлат пеш аз ҳама барои ҳифзи соҳаҳое, ки шумораи бештари ҷойҳои кориро фароҳам менамоянд, чораҳо меандешад. Дар мамлакати мо саноати бофандагӣ, масолеҳи бинокорӣ ва мебелсозӣ аз чунин соҳаҳо ба шумор мераванд – дар онҳо қариб 1 миллион нафар аҳолӣ кор мекунанд.
Дар чор моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ 6,3 фоиз афзуда, ба 290 триллион сӯм расид. Ҳаҷми содирот 20 фоиз афзуда, 6 миллиарду 350 миллион долларро ташкил дод.
Дар ҷамъомад масъалаҳои дастгирӣ ва рушди саноати маҳаллӣ муҳокима гардиданд. Вазъият дар ин бахш дар қиёси ноҳия ва шабакаҳо таҳлил гардида, камбудиҳои мавҷуда ба миён гузошта шуданд.
Масалан, дар саноати бофандагӣ қариб 7 ҳазор соҳибкорон зиёда аз 500 номгӯи маҳсулот истеҳсол мекунанд. Баъзеи онҳо ба брендҳои машҳури байналмилалӣ либос мефиристанд.
Аммо, сарфи назар аз таваҷҷуҳ ба сифат, бисёре аз истеҳсолкунандагон инро нишон дода наметавонанд. Имрӯз ҳамагӣ 244 ширкат дорои сертификати байналмилалӣ мебошанд. Қисми асосии онҳо дар Тошканд ва вилоятҳои водӣ ҷойгир буда, дар минтақаҳои дигар ангуштшуморанд.
Тибқи фармони Президенти Ӯзбекистон пардохти на танҳо хароҷоти гирифтани сертификати байналмилалӣ, балки супоридани хароҷоти мутобиқгардонии корхона ба он муқаррар гардидааст. Бо истифода аз ин, вазифа гузошта шуд, ки имкониятҳо ба соҳибкорон расонида шуда, дар ҳар як минтақа шумораи корхонаҳои сертификатдор зиёд карда шавад.
Роҳбари давлат дар ин самт ташаббуси муҳимро пешбарӣ кард. Дар Ӯзбекистон Ширкати дастгирии брендҳои миллӣ ташкил карда мешавад. Ба он бренд-менеҷерон, тарроҳон ва маркетологҳо аз хориҷи кишвар ҷалб карда мешаванд, ки барои ба бозори ҷаҳонӣ баровардани брендҳои ватанӣ кумак мекунанд. Ба маҳсулоте, ки дорои сертификатҳои байналмилалӣ ва сифати рақобатпазир мебошанд, нишони сифат тақдим гардида, дар ҷаҳон васеъ тарғиб карда мешаванд.
Дар кишвар ягон маркази савдо вуҷуд надорад, ки танҳо маҳсулоти миллӣ фурӯшад. Аз ин рӯ, минбаъд дар минтақаҳо маҷмааҳои “Mall of Uzbekistan” сохта мешавад. Мағозаҳои ин маҷмааҳо ба соҳибкорон бо нархи ҳадди ақал ба иҷора дода мешаванд. Чунин марказҳо барои харидорон интихоби васеъ фароҳам оварда, барои сайёҳони хориҷӣ низ мусоид хоҳанд буд.
Дар шароити душвори кунунӣ коркарди амиқи ашёи хоми худи мо ва зиёд кардани арзиши иловагӣ – масъалаи аз ҳама асосӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти тайёр низоми факторинг ҷорӣ карда шудааст, ки барои он 100 миллион доллар ҷудо шудааст.
Чун идомаи ин тадбирҳо, акнун ба корхонаҳои нассоҷӣ иҷоза дода мешавад, ки бо шартҳои факторинг бо тартиби соддашуда наху калоба харидорӣ кунанд.
Боз як самти муҳим дар саноати маҳаллӣ ин истеҳсоли мебел мебошад. Дар ин бахш 7 ҳазору 500 корхона фаъолият доранд. Танҳо дар соли гузашта 920 корхонаи нав кушода шудааст. Дар соҳа ба маблағи 6 триллиону 700 миллиард сӯм маҳсулот омода гардида, ба маблағи 20 миллон доллар содирот шудааст.
Соҳибкорони мо имкони боз ҳам баландтарро доранд. Бо ин мақсад, аксар ният доранд, ки аз ҳунармандии хонаводагӣ ба истеҳсолоти саноатӣ гузаранд. Аз ин рӯ, ба онҳое, ки 5 нафарро ба кор қабул кардаанд, барои истеҳсоли мебел ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ иҷозат дода мешавад. Ба соҳибкорони ҷавоне, ки мехоҳанд фаъолияти худро дар ин самт оғоз ё густариш диҳанд, то 5 миллиард сӯм ба мӯҳлати 7 сол бо 18 фоизи солона кредит дода мешавад.
Дар ноҳияҳои Шароф Рашидов, Янги Намангон, Пастдарғам, Ӯрта Чирчиқ, Қува, Бувайда, Юнусобод ва Учтеппа, ки ба мебелсозӣ ихтисосонида шудаанд, дар асоси таҷрибаи Хонқа марказҳои мебелсозӣ ташкил карда мешавад.
Намояндагони тиҷорати хурди ин соҳа мумкин аст ҳангоми воридоти мавод аз хориҷа ба мушкилот рӯ ба рӯ оянд. Бо мақсади кумак ба онҳо дар ин ҷода, хароҷоти нақлиёт кам карда шуда, барои арзон дастрас кардани ашёи хом чӯбу тахта ва масолеҳи чӯбу тахта дар асоси марказонидашуда расонида мешавад. Дар ин раванд ба монополия роҳ дода намешавад, баръакс дар бозор имкони интихоб меафзояд. Соҳибкорон вобаста ба нарх ва эҳтиёҷи худ метавонанд аз ин чӯбу тахта арзонкардашударо аз дигар таъминкунандагон харидорӣ кунанд ва ё худашон аз хориҷа ворид намоянд.
Инчунин, барои 14 намуди ашёи хом, арматура ва лавозимот барои се сол боҷи имтиёзноки гумрукӣ дар ҳаҷми 1 фоиз муқаррар карда мешавад.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти содиротӣ ба истеҳсолкунандагони мебел нисфи хароҷоти гирифтани сертификати байналмилалӣ ва маоши дизайнер, маркетолог ва муҳандис-технологҳо, ки аз хориҷи кишвар ҷалб шудаанд, ҷуброн карда мешавад. Андозаи майдони иҷораи ҷубронпулӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ аз 20 ба 40 метри мураббаъ зиёд карда мешавад.
Заргарӣ, ки дар мамлакати мо дер боз қадр карда мешавад, имрӯз метавонад дар иқтисодиёт драйвери иловагӣ бошад. Соли гузашта дар ин соҳа истеҳсолот аз 200 миллион доллар гузашта, содирот 17 фоиз афзуд ва ба 92 миллион доллар расид.
Аммо ин дар Ӯзбекистон, ки соле беш аз 100 тонна тилло истихроҷ мекунад, ҳатто аз даҳ як ҳиссаи имконот нест. Аз ин рӯ, дар ин соҳа ҳам имтиёзҳои иловагӣ муқаррар гардид.
Акнун заргарҳо низ метавонанд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бо савдои ашёи тилло машғул шаванд. Хароҷоти ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба маблағи то 2,5 ҳазор доллар ба шарти на кам аз 5 шогирд омода кардан, ҷуброн карда мешавад.
Дар ин соҳа низ ҷиҳати ба усули саноатӣ гузаштан ва дастгирии брендҳои маҳаллӣ чораҳо андешида мешавад. Бахусус, таҷҳизот ва ҷузъҳои воридотӣ барои истеҳсоли заргарӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Тартиби хариди тилло аз комбинатҳои кӯҳӣ-металлургии Навоӣ ва Олмалиқ бо шарти қисм-қисм пардохтан боз ба муддати 3 сол дароз карда мешавад. Бо брендҳои маъруф ҳамкорӣ роҳандозӣ гардида, то 30 ҳазор доллари хароҷоти овардани тарҳ ва шакли онҳо ҷуброн карда мешавад.
Дар асоси таҷрибаи Туркия, Дубай ва Миср дар Тошканд, Андиҷон ва Хива марказҳои заргарӣ таъсис ёфтаанд. Акнун чунин маҷмааҳо тадриҷан дар минтақаҳои дигар низ ташкил карда мешаванд.
Барои таъмини устувор бо ашёи хоми заргарӣ ҳаҷми тилло, ки ба биржа бароварда мешаванд, имсол аз 6 ба 8 тонна расонида мешавад. Дар ҳама минтақаҳо захираи тилло ба вуҷуд меояд.
Чун ҷавоб бар ин, барои кам кардани ҳиссаи “иқтисодиёти пинҳонӣ” дар саноати заргарӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти қонунӣ супоришҳо дода шуданд.
Дар мамлакати мо, ки бунёдкориҳо васеъ ҷараён доранд, талабот ба масолеҳи бинокорӣ мисли пештара зиёд мебошад. Ҳоло дар ин бахш қариб 10 ҳазор корхона фаъолият дорад. Вазифаи асосии минбаъда таъмини сифат ва харидоргирӣ мебошад.
Аз ин рӯ, зарурати истифодаи васеи масолеҳи маҳаллӣ дар корҳои бунёдкорӣ, барои муомилоти маблағ ҷудо кардани кредит ба таҳиягарон ва бо ин роҳ дастгирӣ кардани онҳо қайд гардид.
Вазифа гузошта шуд, ки дар платформаи “Шаффоф қурилиш” феҳристи корхонаҳои масолеҳи сохтмониро ташкил карда, тавассути он рейтинги сифат муайян карда шавад.
Дар кам кардани арзиши аслии маҳсулот сарфаи барқ хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, масъалаи таҳлили самтҳое, ки сарфи барқ ва захираҳо зиёд аст, ба миён гузошта шуд ва аҳамияти истифодаи роҳҳои инноватсионии камхарҷ таъкид гардид.
Дар ҷамъомад аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда пешниҳодҳои мутасаддиён ва соҳибкорон шунида шуданд.