Ин мавзӯъ моҳи гузашта муҳокима шуда, ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки нақшаҳоро бо назари танқидӣ дида бароянд. Дар ҷараёни тақдимоти имсола тадбирҳои такмилёфта, ки бар асоси дастурҳои Президент таҳия шудаанд, пешниҳод гардиданд.
Дар навбати аввал ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол ва баланд бардоштани сифати маҳсулот эътибор дода шуд. Дар айни ҳол ҳар сол зиёда аз 400 ҳазор автомобил фурӯхта мешавад. Дар натиҷаи афзоиши даромади аҳолӣ пешбинӣ мешавад, ки ин тамоюл дар солҳои наздик низ нигоҳ дошта мешавад. Ин барои истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи талаботи бозор имконият фароҳам меорад.
Илова бар ин, интизор меравад, ки Ӯзбекистон узви Созмони ҷаҳонии савдо шавад. Дар чунин шароит рақобат дар бозор барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба таври назаррас пурзӯр мегардад. Аз ин рӯ, Президент зарурати дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулот ва густариши сатҳи локализатсия кор пеш бурданро таъкид намуд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби маҳаллигардонии 60 ҷузв барои автомобилҳои «BYD» то соли 2025 имкон ҳаст арзиши аслии мошинҳои электрикӣ коҳиш дода шавад. Роҳбарияти ин ширкат ба имкониятҳои корхонаҳои ватанӣ баҳои баланд дод. Дар ин робита, вазифа гузошта шуд, ки имкониятҳои Маркази мусоидат ба локализатсия пурра истифода шуда, ҳаҷми истеҳсол дар доираи ҳамкорӣ бо корхонаҳои минтақавӣ дучанд карда шавад.
Масъалаи муҳими дигар содирот мебошад. Дар солҳои охир ба кишварҳои ҳамсоя зиёда аз 40 ҳазор автокомплектҳо содир карда шуданд. Соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ки содирот ба зиёда аз 700 миллион доллар расонида шавад. Ҳамзамон, зарурати ба бозорҳои хориҷӣ ворид кардани корхонаҳои истеҳсоли автобусҳо ва нақлиёти боркаш дар Самарқанд қайд гардид.
Сарвари давлат ба аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин соҳа таваҷҷуҳи алоҳида дод. Ба ҳамин муносибат, ӯ зарурати мутобиқшавӣ ба талаботи муосир, таъмин намудани истеҳсолоти устувор, инчунин ба таври доимӣ кор кардан дар болои маркетинг ва сифати маҳсулотро таъкид кард.