Макрон ва Стармер дар бораи нақшаи фиристодани нирӯҳои сулҳовар ба Украина эълон карданд

    Макрон бар он назар аст, ки теъдоди контингенти сулҳовари аврупоӣ барои Украина бояд 50 ҳазор сарбозро ташкил диҳад. Ситоди 30 кишвари иштирокдори «эътилофи хоҳишмандон» дар Фаронса ҷойгир хоҳад шуд.

    Кишварҳои Ғарбӣ дар пасманзари афзоиши шадиди зарбаҳои ҳавоии Русия ба Украина рӯзи панҷшанбе, 10 июл, кӯшишҳоро барои расидан ба оташбас ва омодагӣ ба бозсозии ин кишвари аз ҷанг харобшуда идома доданд.

    Сарвазири Бритониё Кейр Стармер ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон зимни як конфронси видеоӣ бо намояндагони дигар давлатҳои ба истилоҳ “эътилофи хоҳишмандон” дар бораи анҷоми банақшагирии миссияи сулҳоварии аврупоӣ барои Украина эълон карданд. Макрон шумораи эҳтимолии контингентро номбар кард - то 50 000 сарбоз, хабар медиҳад dw.com.

    Стармер изҳор дошт, ки нақшаҳои аллакай оид ба миссияи сулҳоварӣ мувофиқашуда метавонанд «дар муддати чанд соат» пас аз имзои созишномаи оташбас байни Русия ва Украина амалӣ шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ин ташаббус «пухта» буда, ба «ояндаи дарозмуддат» нигаронида шудааст. Аммо дар айни замон ба даст овардани созишномаи оташбас байни Русия ва Украина ғайриимкон ба назар мерасад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates