Барои мактаб бинои нав сохта мешавад

    Ҳукумат 11 Dekabr 2021 4410

    Президент Шавкат Мирзиёев ба мактаби давлатии таълими ҳамагонии ба таълими меҳнат ихтисосонидашудаи ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт ташриф овард.

    Муассисаи таълимӣ, ки соли 1976 сохта шудааст, барои 1178 хонанда пешбинӣ шудааст. Аммо шумораи хонандагони ҳозира аз ғунҷоиши мактаб хеле зиёд аст. Зиёда аз ин, бино ва таҷҳизоти он фарсуда шудааст.

    Сарвари давлат синфхонаҳо, толори варзишӣ ва ошхонаро аз назар гузаронд. Дар бобати сохтани бинои нави мактаб, таълими касбии талабагон, ташкил намудани машғулиятҳои амалӣ дар корхонаҳо дастурҳо дода шуданд.

    – Имрӯзҳо дар ҳама ҷо корхонаҳои замонавӣ кушода мешаванд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ мегарданд. Ба мо кадрҳои дорои потенсиали калон лозиманд. Аз ин ҷост, ки мо ба муаллимону мактабҳо, ба баланд бардоштани сифати таълим диққати махсус медиҳем. Кадрҳои хуб рақобатро ташаккул медиҳанд. Ва дар куҷое, ки рақобат ҳаст, онҷо рушд ҳаст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар ин ҷо Президент бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ суҳбат кард.

    Дар бораи аҳамияти аввалиндараҷаи корҳо оид ба рушди соҳаи тандурустӣ ва таълими мактаб, моҳият ва мазмуни фаъолияти ёрдамчиёни ҳокимон сухан рафта, қайд гардид, ки онҳо бо гузашти вақт ба кадрҳое табдил меёбанд, ки бинобар таҷрибаи худ мушкилотро дар маҳалҳо медонанд ва ҳамин тариқ захираи мустаҳками кадрҳоро ташаккул медиҳанд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates