Имрӯз дар шаҳри Куала-Лумпур Президент бо Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим гуфтушунидҳои самарабахш анҷом дод.
Дар натиҷаи ин мулоқот Изҳороти муштарак оид ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар роҳи шарикии стратегӣ баҳри наслҳои оянда имзо шуда, бастаи созишномаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ қабул гардид.
Сарвари давлати мо ва Сарвазири Малайзия ҳамчунин дар форуми тиҷоратӣ ширкат варзида, бо президенти ширкати Petronas мулоқот карданд.
Дар доираи барномаи фарҳангӣ роҳбари Ӯзбекистон аз Осорхонаи санъати исломии Малайзия боздид намуд.
Баъди анҷоми чорабиниҳои сафари расмӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Куала-Лумпур Президенти Ӯзбекистонро вазири маорифи Малайзия Замбри Абдул Қодир ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Президент ба Тошканд парвоз кард.