Аз 1 майи соли 2023 ба шахсони воқеӣ, ки ба “Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ” шомил шудаанд, ҳангоми хариди баъзе молҳо дар нуқтаҳои савдои чакана ба ҷои кешбэки 1% аз маблағи харид, маблағи Андози арзиши иловашуда (ААИ) — кешбэки иҷтимоӣ — дар ҳаҷми 12% баргардонида мешавад.