Марафони имкониятҳои беохир

    Варзиш 28 Mart 2022 1829

    27 март дар шаҳри Тошканд бо мақсади ҷалби шахсони имконияташон маҳдуд ба варзиш ва беҳбуди саломатии онҳо Вазорати адлия якҷоя бо Федератсияи атлетикаи сабуки Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи иҷтимоии "Биз биргамиз!" («Мо якҷояем!») Марафони имкониятҳои бепоёнро ташкил намуд.

    Дар марафон ҳудуди сад нафар маъюбон ширкат варзиданд. Рӯйхати онҳо аз ҳисоби номзадҳое, ки аз ҷониби ҷамъиятҳои маъюбон, нобиноён ва карони Ӯзбекистон пешниҳод шудаанд, тартиб дода шудааст.

    Ин аввалин чунин марафон дар Ӯзбекистон бо номинатсияҳои махсус барои маъюбон аст.

    Иштирокчиёни марафон дар се категория – шахсони дорои нуқсони шунавоӣ, нобиноён ва бинишашон суст, шахсони дорои ҳаракати маҳдуд ва дигар навъҳои маъюбон рақобат карданд. Дар ҳар як номинатсия се нафар ғолибон муайян гардида, иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳои «Ҷавонтарин иштирокчӣ», «Иштирокчии калонсол» мукофотонида шуданд.

    Марафони имкониятҳои беканор дар якҷоягӣ бо ниммарафони байналмилалии СҲШ ва марафони Тошканд "Наврӯз" баргузор шуд. Агар иштирокчиёни ин марафонҳо ба ҳисоби миёна 50-150 сӯм саҳм супорида бошанд, пас маъюбон барои иштирок ҷойҳои ройгон гирифтанд.

    Илова бар ин, ҳамаи иштирокчиён бо медалҳои хотиравӣ, ки махсус барои чорабинӣ омода карда шудааст, сарфароз гардонда мешаванд.

    Инчунин, дар доираи иқдоми "Биз биргамиз!" («Мо якҷояем!») ярмаркаи хайриявии маҳсулоти тайёркардаи маъюбонро ташкил намуда, дар рафти он онҳо тавонистанд тӯҳфаҳои гуногуни хотиравӣ ва дигар маҳсулоти дастиро ба фурӯш гузоранд. Ярмаркаи хайрия аввалин чорабинии хайрияест, ки дар доираи лоиҳаи иҷтимоии "Биз биргамиз!" («Мо якҷояем!») гузаронда мешавад.

    Таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 апрели соли 2018 "Дар бораи чораҳои ташкилии минбаъд такмил додани фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ўзбекистон" дар қатори вазифаҳои асосии Вазорати адлия пеш бурдани сиёсати давлатӣ дар дар соҳаи рушди созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, мусоидат дар ташкили ҳамкории онҳо бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо муайян шудаанд.

    Вобаста ба ин, Вазорати адлия дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти маъюбони Ӯзбекистон лоиҳаи иҷтимоии «Биз биргамиз!» («Мо якҷояем!»)-ро татбиқ мекунад, ки ба пеш бурдани кори мақсаднок бо шахсони имконияташон маҳдуд, расонидани ёрии ҳамаҷониба ба онҳо, инчунин дастгирии минбаъдаи фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ нигаронида шудааст.

    Дар доираи лоиҳа айни замон Вазорати адлия чорабиниҳои асосии иҷтимоии зеринро амалӣ карда истодааст:

    - ярмаркаи ҷумҳуриявии молҳои истеҳсоли маъюбон;

    - озмуни расмкашии «Дунёи рангҳои ҷолиб»;

    - мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни маъюбон.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates