Сарони давлатҳо иштирокчиён ва меҳмонони мусобиқаро самимона хайрамақдам гуфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳ бо ҳамсарашон рафти даври интихобии мусобиқаи варзишгаронро тамошо карданд.

Гран-прии Қирғизистон марҳилаи дуюми чемпионати ҷаҳон F1H2O ба ҳисоб меравад, ки онро «Формула-1 дар рӯи об» низ меноманд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди байналмилалии варзиши обии моторӣ баргузор мешавад. Ҳар сол дар он дастаҳои касбӣ ва варзишгарони кишварҳои гуногун иштирок мекунанд. Марҳилаи мазкур бори аввал дар таърихи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Барномаи мусобиқа машқҳои омодагӣ, даврҳои интихобӣ ва пойгаи асосиро дар бар мегирад. Қаиқҳои баландсуръати мусобиқа метавонанд бо суръати зиёда аз 220 километр дар як соат ҳаракат намоянд.