Маск нақл кард, ки кай робот-ҷарроҳон ҷойи одамонро мегиранд?

    Соҳибкори амрикоӣ ва молики ширкати нейротехнологии Neuralink Илон Маск, бар ин назар аст, ки робот-ҷарроҳон метавонанд дар панҷ соли оянда одамонро дар ин кор иваз кунанд.

    "Роботҳо пас аз чанд сол аз ҷарроҳони хуби инсонӣ ва тақрибан дар панҷ сол аз беҳтарин ҷарроҳони инсонӣ пеш хоҳанд рафт" гуфт Маск дар мақолаи X-и блогнавис Марио Науфал, ки дар бораи пешрафти робототехника дар ҷарроҳӣ менависад.

    Ғайр аз ин, Маск хабар дод, ки ширкати ӯ — Neuralink — барои ҷойгир кардани электродҳо ба бофтаҳои майнаи инсон аз роботе-ҷарроҳ истифода кардааст. Ба гуфтаи ӯ, инсон наметавонист бо суръат ва дақиқии лозима ин амалиётро анҷом диҳад.

    Қаблан, моҳи январ, Маск хабар дода буд, ки аввалин шахс дар доираи лоиҳаи Neuralink импланти майнаро гирифтааст ва вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад. Маск қайд кардааст, ки маълумоти аввалия дар бораи кори дастгоҳ натиҷаҳои умедбахш нишон медиҳанд.Маск дертар навишт, ки дастгоҳи нави Neuralink Telepathy (“Телепатия”) номида мешавад. Он ба соҳиби худ имкон медиҳад, ки бо истифода аз ақли хеш смартфон ё компютерро идора кунад ва пеш аз ҳама барои одамоне тарҳрезӣ шудааст, ки қобилияти истифодаи дасту пойҳои худро гум кардаанд, хабар медиҳад ria.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates