Ба кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ

    Ҳукумат 27 Iyun 2022 7508

    Муҳтарам кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ! Дӯстони азиз!

    Шумо ва собиқадорони соҳаро, ки имрӯз ба пешрафти он саҳми арзанда мегузоред, бо иди фархунда – Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ самимона табрик гуфта, эҳтироми амиқ ва орзуҳои беҳтарини худро ба ҳамаи шумо баён менамоям.

    Дар симои шумо мо одамони фидокору меҳнатдӯстеро мебинем, ки донишу истеъдод ва маҳорати амиқи худро барои чунин корҳои наҷиб, ба мисли таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи иттилоот, гиромидошти қадри инсон, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва васеъ гардондани ҷаҳонбинии ҳамватанон, таҳкими фазои ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мебахшанд.

    Мардуми мо хуб дарк ва баланд қадр мекунад, ки имрӯз, вақте Ӯзбекистон ба марҳилаи нави муҳими рушди худ қадам мегузорад, намояндагони медиасоҳа – рӯзноманигорону муҳаррирон, режиссёру наворбардорон, блогерҳо, кормандони телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо, нашриёт ва матбааҳо — дар ташаккули симои демократии мамлакат, дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардани он саҳми калон мегузоранд.

    Ҳамватанони азиз!

    Солҳои охир дар ҷумҳурӣ ҷиҳати ба пули боэътимоди муколама бо мардум табдил додани воситаҳои ахбори оммавӣ, рушди бозори замонавии хизматрасонии иттилоотӣ, рақобати солим байни ВАО, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии онҳо, пурзӯр гардондани анъанаҳои устоду шогирд, муносиб ҳавасманд гардондани меҳнати пурҷӯшу хурӯши кормандони соҳа корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд.

    Ба шарофати чунин таваҷҷуҳи зиёд шумораи воситаҳои ахбори оммавӣ дар кишвар нисбат ба соли 2016 қариб 30 фоиз афзуда, 1962-ро ташкил медиҳад. Махсусан расонаҳои хусусӣ дар ҳаёти мо ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунанд, ки ин омили муҳими таъмини гуногунандешӣ дар ҷамъият мебошад, ки ба татбиқи ислоҳоти куллӣ, далерона равшан намудани камбудиву мушкилот дар маҳалҳо мусоидат мекунад.

    Дар ин бора сухан ронда, бояд гуфт, ки ба мақсади ҳамгироии телевизион ва Интернет платформаи замонавии интернетӣ ва замимаи мобилии он ба вуҷуд оварда шуда, дар фазои иттилоотии миллӣ шумораи нашрияҳои интернетӣ дар шаш соли охир қариб ду баробар афзуда, ба 677 расид.

    Дар натиҷа дар созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ манбаъҳои ахбор боз ҳам бештар гардида, барои муколамаи бевосита бо аҳолӣ, зуд инъикос намудани мушкилоте, ки мардумро ба ташвиш мегузоранд, баромадҳои ошкоро, объективона ва танкидӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ дар мавзӯъҳои гуногун имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад.

    Имрӯз дар соҳаи иттилоот дар назди мо вазифаи таъхирнопазир гузошта шудааст, ки нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба нишондиҳандаҳои сифатӣ табдил дода, журналистикаи миллӣ ба зинаи нави рушд бароварда шавад.

    Медиа-компанияҳои Ӯзбекистон инчунин дар арсаи ҷаҳонии иттилоотӣ майдони муносибро ишғол намуда, кӯшиш менамоянд дар раванди ҷаҳонии ҷамъиятию сиёсӣ фаъол иштирок намояд.

    Бо ин мақсадҳо пайваста кор кардан, таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, технологияҳои замонавии иттилоотӣ ва усулҳои таҳлилиро аз худ кардан, ҳамеша дар ҷустуҷӯ будан, насли нави журналистикаи миллии моро тарбия кардан зарур аст.

    Мо барои ноил шудан ба чунин марҳалаҳои баланд, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав инъикос ёфтааст, тамоми захираву имкониятҳоро дорем.

    Боз як вазифаи аввалиндараҷа фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои шаҳрвандони мо дар соҳаи иттилоот, баланд бардоштани нақш ва нуфузи воситаҳои ахбори омма дар амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ мебошад.

    Махсусан қайд кардан лозим аст, ки мо минбаъд ҳам ба беҳтар намудани пойгоҳи моддию техникии соҳа ва ҳавасманд гардондани меҳнати коркунони он доимо диққат медиҳем.

    Қадами муҳим дар ин самт қарори ба наздикӣ дар бораи дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди минбаъдаи журналистика қабулшуда буд. Дар он тадбирҳо оид ба пурзӯр намудани ҳимояи манфиатҳои қонунии ВАО, боз ҳам баланд бардоштани нерӯ ва рақобатпазирии кадрҳо, бо манзил таъмин кардани рӯзноманигорони ҷавоне, ки ба он ниёз доранд, пешбинӣ шудаанд.

    Инчунин, соли равон дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳамаи марказҳои вилоятӣ ва шаҳри Тошканд ҳолати Хонаҳои матбуот аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхта, оид ба сохтмони биноҳои нав чораҳои зарурӣ қабул карда мешаванд.

    Чунон ки маълум аст, мувофиқи тамоюлҳои аз тарафи умум эътирофшудаи байналхалқии демократӣ озодии матбуот дар байни ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Албатта, дар ин соҳа дар баробари муваффақиятҳо мушкилот низ дорем.

    Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз маҳалҳо дар бораи далелҳои беэътиноӣ нисбат ба кормандони ВАО, монеъ шудан ба фаъолияти озоди хабарнигорон дар доираи салоҳияташон хабарҳо пахш мешаванд, ки далели ин фикрҳост.

    Ба ин муносибат, бори дигар таъкид кардан мехоҳам: дар давлати демократие, ки мо бунёд карда истодаем, озодии баён ва матбуот ҳамеша аз ҷониби Конститутсия, қонунҳо ва Президенти кишвар ҳифз карда мешавад.

    Монеъ шудан ба фаъолияти озодонаи қонунии кормандони ВАО ҳамчун акси амал ба ислоҳоти демократии мо, расондани зиён ба қудрати кишвар баҳо додан лозим аст. Мақомоти суд ва прокуратура аз рӯи чунин далелҳои манфӣ, ки барои мо тамоман қобили қабул нестанд, бояд чораҳои қатъӣ бинанд.

    Мо набояд як ҳақиқатро фаромӯш кунем: ҳамаи мо шогирдони мактаби бузурги ба ном демократия мебошем. Мо бояд дар ин роҳ ба муваффақиятҳои бисёре ноил шавем. Боварӣ дорам, ки намояндагони матбуоту расонаҳои хабарӣ, ки мавқеи устувори шаҳрвандӣ доранд, таҷрибаи ғании касбию ҳаётӣ доранд, собиқадорони арҷманди соҳа дар тарбияи насли наврас барои мо намуна хоҳанд буд.

    Дӯстони азиз!

    Ба муносибати иди имрӯза ба як гурӯҳ коркунони соҳа мукофотҳои олии давлатӣ супурда шуданд, ки ин бешубҳа ҳамаи шуморо ба комёбиҳои нав ба нав руҳбаланд намуда, қувваю ғайрат мебахшад.

    Аз фурсат истифода бурда, шумо, устодони муҳтарами суханро, бори дигар аз самими қалб, ба муносибати ин ид табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои бузурги эҷодӣ, ба хонадони шумо сулҳу оромӣ ва файзу баракот таманно дорам.

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates