Ширкати "МегаФон" шарики лоиҳаи таъсиси низоми мониторинги экология дар Тошканд мешавад

    Сайёраи сабз 26 Aprel 2022 1462

    25 апрели соли 2022 дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ "ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ" ҳокимияти шаҳр ва Ҷамъияти саҳомии оммавии «МегаФон» дар бораи ҳамкорӣ дар таҳияи системаи мониторинги муҳити зист дар Тошканд, арзёбии ҳолати ҳавои атмосфера ва дигар ҷузъҳои экологӣ ҷиҳати дастгирии қарорҳои идоракунӣ ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба муҳити мусоид созишнома ба имзо расониданд.

    Дар назар аст, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, баргузории чорабиниҳои муштарак – конфронсҳо, вохӯриҳо, ҷамъомадҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо, ки барои ҳамкории самарабахши ҷонибҳо нигаронда шудааст, пешбинӣ гардидааст.

    Дар созишнома дастгирии рушди мониторинги маҷмӯгии экологии Тошканд бо роҳи ҳамгароии зина ба зинаи мониторинги автоматиконидашудаи посгоҳҳо ва воситаҳои ченкунии сифати ҳавои автоматикониданашуда ба низоми ягонаи мониторинг, инчунин мусоидат ба чорабиниҳо, ки ба рушди мониторинги экологӣ нигаронда шудааст, пешбинӣ шудааст.

    «Мо дар ҳамкорӣ бо «МегаФон» потенсиали бузургро мебинем. Ўзбекистон рақамигардониро яке аз самтҳои афзалиятноки рушд меҳисобад. Ҳамин тариқ, аз соли 2020 стратегияи табдили минтақаҳо ва соҳаҳои « Ӯзбекистони рақамӣ-2030» эътибор пайдо кард. Дар давоми ду соли охир дар Тошканд корҳои зиёде анҷом дода шуд ва ҳамкорӣ бо ширкати «МегаФон» идомаи мантиқии он чизест, ки оғоз шудааст», -- мегӯяд муовини ҳокими шаҳри Тошканд оид ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ Алексей Хен.

    Созишнома намунаи олии масъулияти иҷтимоии соҳибкорӣ, бахусус дар чунин як соҳаи муҳим, ба мисли экология мебошад. Он аз рўзи ба имзо расиданаш эътибор пайдо мекунад ва дар давоми се сол эътибор дорад ва агар ягон тараф дар бораи қатъи он эълон накунад, ба таври худкор барои ҳар як соли минбаъда дароз карда мешавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates