Солҳои охир ба туфайли корҳои сохторие, ки дар мамлакат ҷиҳати фиристодани муназзами шаҳрвандон ба хориҷа барои кор амалӣ мешаванд, бозори меҳнат гуногунранг шуда, шаҳрвандон асосан барои кор дар ҷойҳои сердаромад ба хориҷа мераванд. Дар натиҷа, гарчанд шумораи шаҳрвандоне, ки дар хориҷа кор мекунанд, нисбат ба соли 2016 кам шудааст, маблағҳои фиристодаи онҳо тибқи анҷоми даҳ моҳи аввали соли 2025 аз 3,8 миллиард доллар ба 15,8 миллиард доллар афзудааст.
Дар тақдимот зикр гардид, ки дар бозори меҳнати хориҷӣ талабот ба мутахассисони соҳибихтисос зиёд аст. Ҳоло барои 140 ҳазор мутахассис фармоишҳо мавҷуданд, аммо бобати тайёр кардани мутахассисоне, ки ба талаботи забон ва тахассуси касбӣ ҷавоб медиҳанд, корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд. Ғайр аз ин, аз сабаби парокандагии хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ, одамон бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.
Бо ҳамин мақсад вазифа гузошта шуд, ки хизматрасониҳоро дар соҳа ба тартиб дароварда, ҳамаи равандҳо дар асоси тамоюли "равзанаи ягона" ба ҳам оварда шаванд.
Дар ноҳияи Учтеппаи шаҳри Тошканд "Маркази омӯзишӣ барои кор дар хориҷа" ва дар шаҳри Тирмиз маркази "Хидматҳои ягонаи муҳоҷират" таъсис дода мешавад.
Дар ноҳияи Яшнободи пойтахт бошад, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ мактабҳо барои таълими забонҳои олмонӣ ва ҷопонӣ кушода мешаванд. Таъкид гардид, ки солҳои охир ҷараёни муҳоҷират ба мамлакатҳои Аврупо 4 баробар афзоиш ёфтааст. Аҳамияти тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки дар он ҷо кор мекунанд, қайд карда шуд. Ҳоло бо як қатор давлатҳои Аврупо созишномаҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд надоранд. Аз ҷониби Президент супориш дода шуд, ки корҳоро ҷиҳати имзои ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ суръат бахшанд.
Инчунин, зиёд кардани шумораи атташеҳои муҳоҷират ва намояндагиҳои Агентии муҳоҷирати меҳнатии назди Девони Вазирон дар давлатҳои хориҷӣ ва кушодани дафтарҳои сайёри марказҳои раводид дар минтақаҳои кишварамон ба нақша гирифта шудааст.
Дар тақдимот инчунин масъалаи рақамикунонии хидматҳои муҳоҷират баррасӣ шуд.
Платформаи "Кор дар хориҷа" 25 намуди хизматрасониро пешниҳод мекунад ва аз аввали соли ҷорӣ 524 ҳазор шаҳрванд аз хидматрасониҳои онлайн истифода кардаанд. Аммо на ҳамаи хидматҳо рақамӣ карда шудаанд.
Президент зарурати такмили минбаъдаи равандҳои хидматрасониро тавассути ҷорӣ кардани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар система қайд кард. Дар бораи нақшаҳо бобати ҷорӣ намудани индентификатсияи биометрӣ, мушоҳидаи ҷойҳои корӣ дар хориҷа бо режими вақти воқеӣ ва роҳандозии хидмати маслиҳати фосилавӣ барои шаҳрвандон дар ин платформа маълумот дода шуд. Пешниҳод гардид, ки дар Агентии муҳоҷират як маркази вазъиятӣ таъсис дода шавад, ки ба шаҳрвандон кумаки фаврии шабонарӯзӣ мерасонад.
Дар муаррифӣ зикр гардид, ки бобати пешниҳоди хизматрасонии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва машваратӣ шумораи ҳолатҳои қаллобӣ меафзояд. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, пешниҳод карда шуд, ки дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ киоскҳои иттилоотии интерактивии муҳоҷират гузошта шаванд ва миқдори ҷаримаҳо барои ташкилотҳои машваратие, ки бе иҷозатнома фаъолият мекунанд, зиёд карда шавад. Дастур дода шуд, ки масъалаи муайян кардани ҷавобгарӣ барои ташкил ва мусоидат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Кодекси ҷиноятӣ омӯхта шавад.
Сарвари давлат пешниҳодҳои тақдимшударо тасдиқ кард ва аз рӯйи боз ҳам мусоид, бехатар ва шаффоф кардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба мутасаддиён дастурҳои иловагӣ дод.









