Дар қарори Сарвари давлат аз 30 апрели соли 2021 вазифаҳо оид ба трасформатсияи корхонаҳои авиатсияи шаҳрванӣ муайян шудааст. Дар ин раванд таҷрибаи пешқадами хориҷӣ омӯхта, машваратчиёни пуртаҷриба ҷалб карда мешаванд.
Аз ҷумла барои ислоҳсозии «Uzbekistan airways» ҳамкорӣ бо дастаи мутахассиси турк Илкер Айҷӣ, раиси собиқи ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” ба роҳ монда шуд, ки таҳти роҳбарии ӯ аз як бозигари минтақавӣ ба як бозигари ҷаҳонӣ дар бозори ҳамлу нақли ҳавоии мусофирбар табдил ёфт.
Имрӯз дар назди «Uzbekistan airways» низ чувнин вазифаҳо қарор доранд. Пешбинӣ шудааст, ки кишвари мо ба маркази нақлиётии байналмилалӣ табдил дода, аз мавқеи ҷуғрофӣ ва инфрасохтори авиатсионии он самаранок истифода бурда шавад.
Зимни муаррифӣ ба сарвари давлатамон дар бораи стратегияи таҳияшудаи трансформатсия ва рушди ширкати ҳавопаймоии миллӣ маълумот дода шуд.
Мутобиқи он ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми идоракунии корпоративӣ дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ дар ширкати ҳавопаймоӣ, зиёд намудани парки ҳавопаймоҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва васеъ намудани шабакаи ҳамлу нақли бор тадбирҳо андешида мешаванд. Бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ хусусигардонии ширкати ҳавопаймоӣ ба анҷом мерасад.
Мақсади асосӣ ба ширкати ҳавопаймоии пешрави минтақавӣ табдил додани «Uzbekistan airways», инчунин ба аҳолӣ таъмин намудани парвозҳои арзон дар хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Президент ин нақшаҳоро маъкул донист ва таъкид кард, ки онҳо бояд ҳарчи зудтар ба амал бароварда шаванд.
– Дар ин бобат мо даҳ сол дер мондем. Ширкати ҳавопаймоӣ бо усули кӯҳна фаъолият мекунад, мусофирон аз сифати хизматрасонӣ норозӣ ҳастанд. Агар мо хоҳем, ки иқтисодиёт ва сайёҳӣ ривоҷ ёбад, ин роҳи ягона аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Оид ба таъсиси идораи лоиҳавӣ дар ширкати ҳавопаймоӣ ва ҳамоҳангсозии равандҳои трансформатсия тавсия дода шуданд.