Вазири энергетика бо роҳбари “ACWA Power” гуфтушунид кард

    Энергетика 6 Sentabr 2021 506

    Дар Тошканд вазир энергетикаи Ҷумҳурии Ўзбекистон Алишер Султонов бо раиси Раёсати ширкати “ACWA Power” (Арабистони Саудӣ) Муҳаммад Абдулла Абунаён мулоқот анҷом дод.

    Дар ҷараёни музокирот шарикии кунунӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқии гармӣ ва нерӯгоҳҳои бодӣ, инчунин дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

    Ҷониби Ӯзбекистон корҳои сохтмонию васлкунии ширкати Саудиро дар доираи лоиҳаи сохтмони НБГ бо иқтидори 1500 МВт дар наздикии НБГ Сирдарё бо қаноатмандӣ қайд кард. Холо дар майдони лоиха оид ба мустахкам намудани хок кор давом дорад ва сохтмони шаҳраки вахтавӣ ба охир расид.

    Моҳи январи соли равон бо “ACWA Power” созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки тибқи он ширкат ният дорад дар вилояти Бухоро ду нерӯгоҳи бодӣ созад. Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Ӯзбекистон қайд кард, ки интизори анҷоми таҳқиқоти анемометрӣ оид ба сохтмони ин парки бодӣ мебошад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати энергетика.

    Ба ғайр аз ин, Шӯрои директорони ширкати “ACWA Power” барномаи нави рушди иқтидорҳои тавлиди барқи иқтидораш (1 ГВт)-ро дар ноҳияҳои Нуқус, Берунӣ ва Қароӯзаки (Қароқалпоқистон) Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ кард. Айни замон кор барои омӯзиши қитъаҳои замин идома дорад.

    Дар рафти вохӯрӣ Вазорати энергетика инчунин барои саҳми “ACWA Power” дар ташкили маркази махсуси омӯзишӣ дар Коллеҷи энергетикии Ширин изҳори сипос намуд.

    Дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои ба Ӯзбекистон ташкил намудани ташрифи вазири энергетикаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз бин Салмон Ол Сауд баррасӣ гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates