Мувофиқи барномаи будубоши меҳмони олӣ дар шаҳри Тошканд музокироти сатҳи олӣ дар назар аст, ки дар ҷараёни он масъалаҳои густариши минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Муғулистон баррасӣ хоҳанд шуд.
Аз ҷумла, аз рӯзнома нақшаҳои рушди муколамаи созандаи сиёсӣ ва робитаҳои байнипорлумонӣ, вусъат додани гардиши моли дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати сабук, тандурустӣ, соҳаи нақлиёт, логистика ва дигар самтҳо ҷой гирифтаанд. Инчунин чораҳои муштараке, ки ба густариши равобити фарҳангиву башардӯстӣ ва сайёҳӣ нигаронда шудаанд, низ баррасӣ хоҳанд шуд. Бинобар мушкилоти байналмилалӣ мубодилаи афкор барпо мегардад.
Бинобар натиҷаи ҳамоиш имзои бастаи ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар назар аст.
Дар чаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ мулоқоти роҳбарони ду кишвар бо намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва доираҳои тиҷоратӣ, як қатор чорабиниҳои дигари дуҷониба доир мешаванд.
Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух инчунин ба шаҳри Хива сафар карда, дар он ҷо бо мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи мо шинос мешавад.