Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух Шавкат Мирзиёевро бо зодрӯзаш табрик кард

    Рафиқи азизам, муҳтарам ҷаноби Президент!

    Шуморо бо зодрӯзатон аз самими қалб табрик мегӯям.

    Бо камоли қаноатмандӣ қайд кардан мехоҳам, ки ба шарофати роҳбарии дурандешонаву хирадмандонаи Шумо Ҷумҳурии Ӯзбекистон обод шуда, обрӯи кишвари шумо дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ рӯз то рӯз меафзояд.

    Ман хеле шодам, ки ману ҳамсарам ба кишвари зебои Шумо – ватани кӯҳҳои сарбаланду дарёҳои обаш ширин сафари давлатӣ анҷом дода, бо Шумо, Аълоҳазрат, ҷаноби Президент ва Ҷаноби олия Зироатхон Мирзиёева, дар фазои гарму самимӣ вохӯрдем, ки муносибатҳои таърихӣ, анъанавӣ ва дӯстонаи байни мамлакатҳои моро мустахкам гардонд.

    Муҳтарам Ҷаноби Президент, ба ман хеле гуворост, ки бори дигар Шумо ва ҳамсаратонро дар ҳар вақти бароятон қулай ба кишвари зебои мо, ки гаҳвораи таърихи бой, фарҳанги нотакрор ва мардуми бодиянишин аст, ба сафари давлатӣ даъват мекунам.

    Бигузор дӯстии чандинасраи халқҳои мо боз ҳам мустаҳкамтар гардад, ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахши Муғулистон ва Ӯзбекистон доимо инкишоф ёбад.

    Ба Шумо ва аҳли оилаатон саломатии бардавом, бахту саодат ва беҳбудӣ ва ба халқи Ӯзбекистон шукуфоӣ таманно дорам.

    Бо эҳтироми амиқ,

    Ухнаагийн Хурэлсух,

    Президенти Муғулистон


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates