Оё дар кӯдаки гирифтори коронавирус ташхиси томографияи компутерӣ гузаронида мешавад?

    Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба рафти сирояти коронавирус дар кӯдакони хурдсол, тартиби ташхиси он мо ба сардухтури Маркази ҷумҳуриявии махсуси илмию амалии тиббии педиатрия Абдуманноп Абдуқаюмов муроҷиат кардем.

    «Маълум аст, ки бештари кӯдакон дар фасли баҳору тирамоҳ ба зукоми мавсимӣ гирифтор мешаванд», -- гуфт А.Абдуқаюмов. -- Зуҳуроти клиникии сирояти коронавирус дар онҳо мисли грипп аст. Ҳангоми вазнин гузаштани беморӣ метавонад баланд шудани ҳарорати бадан то 37,5-39 дараҷа, бемадорӣ ва дарди сар мушоҳида гардад. Дар ҳолатҳои ками шакли меъдаву рӯда -- чунин аломатҳо ба монанди дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам, дарунравӣ ба мушоҳида мерасанд.

    Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки штаммҳои нави коронавирус дар баъзе кӯдакон хеле душвор мегузарад. Аз ин рӯ, волидон бояд ҳамеша ба саломатии кӯдак диққат диҳанд.

    Баландшавии ҳарорати бадан дар кӯдак бо як қатор омилҳо вобаста аст. Масалан, аз сабаби дандон баровардани кӯдакони то яксола.

    Аз ин рӯ, волидайн бояд аввал бо духтури шӯъба машварат кунанд, то бифаҳманд, ки чаро таби кӯдак баланд шудааст. Духтур ӯро муоина карда, сабаби баландшавии ҳароратро муайян месозад ва табобати заруриро таъин менамояд. Илова бар ин, ҳарорати бадан тақрибан 37°C маънои онро надорад, ки ҳарорати бадан баланд мешавад. Яъне волидайн бояд имкон диҳанд, ки иммунитети кӯдак бо ин беморӣ мубориза барад. Илова бар ин, муттасил истеъмол намудани доруҳои табшикан ба маркази терморегуляторӣ таъсири манфӣ мерасонад.

    -- Кӯдак маънои калимаи «ҷудоиро» намефаҳмад, — суханашро идома медиҳад А.Абдуқаюмов. -- Кудакро пайваста аз сайру гашт манъ карда, аз беморӣ эмин нигоҳ доштан мумкин нест. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки ҷудоиро ба кӯдак на бо тарсондан балки дар шакли бозӣ фаҳмонед.

    Дар кӯдакон, коронавирус дар хона танҳо дар ҳолатҳои сабук табобат карда мешавад. Агар беморӣ аз дараҷаи миёна ба вазнин гузарад, бояд ба беморхона бистарӣ кард.

    Агар табларза зиёда аз панҷ рӯз давом кунад ва паст нашавад, бояд рентгени шуш ва томографияи компутерӣ барои муайян кардани пневмония гузаронида шавад. Дар сурати ошкор шудани илтиҳоб дар томографияи компютерӣ (новобаста аз вазнинӣ), кӯдак бояд дар беморхона бистарӣ карда шавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates