Фаронса (U23) – Ӯзбекистон (U23) – 2:1 (Голҳо: Жеан Маттео – 31 (пеналти), Ободер – 78; Абдураззоков – 47)
Дар бораи ин бозӣ канали Телеграмии Федератсияи футболи Ӯзбекистон (АФУ) хабар дод.
Дар нимаи аввали бозӣ Фаронса бо зарбаи пеналтӣ ба ҳисоби пеш баромад, ки онро Бахоя Жеан Маттео ба самар расонд. Барои дастаи Ӯзбекистон низ пеналтӣ таъин карда шуд, вале баъди баррасии ВАР довар қарорашро бекор кард.
Дар оғози нимаи дуюм, Нодир Абдураззоков ҳисобро баробар кард, вале дар дақиқаи 78 Ободер голи дуюми дастаи Фаронсаро зад.
Равшан Ҳайдаров дар ҳайати ибтидоӣ бозингарони зеринро ба майдон равон кард: дарвозабон – Отабек Боймуродов; капитани даста – Диёр Ортикбоев; бозингарон – Иззатилло Пӯлатов, Муҳаммадрасул Абдумаҷидов, Ҷаҳонгир Урозов, Азиз Холмуродов, Шерзод Эсанов, Муҳаммадалӣ Уринбоев, Нодир Абдураззоков, Маҳмуд Маҳамаджонов ва Отабек Аҳадов.










