– Дирӯз бо мардуми худ Наврӯзро ҷашн гирифтем. Ва имрӯз, дар моҳи мубораки Рамазон, мо дар ин макони муқаддас қарор дорем. Ба Худованди мутаол шукргузорем, ки ба мо имкони дар сулҳу оромӣ истиқбол намудани чунин рӯзҳои бузургро ато намуд. Бигзор дар кишвари мо ҳамеша сулҳ ва осоиштагӣ ҳукмфармо бошад ва ҳама ибтикорҳои нек амалӣ гарданд. Мо ин маҷмааро сазовори хидматҳои бузургии Имом Бухорӣ бунёд мекунем. Бигзор он на танҳо макони зиёрат, балки маркази маърифат, тарбия ва ҳидояти рӯҳонӣ гардад, – гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.
Мақбараи Имом Бухорӣ дар ҷаҳони ислом яке аз ҷойҳои муқаддастарин ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси сарвари давлат дар ин ҷо маҷмааи ёдгории нави миқёсан бузург барои фароҳам овардани қулайӣ ба зиёратгарони сершумор бунёд мешавад.
Масоҳати маҷмаа 44 гектарро ташкил медиҳад. Сохтмони мақбараи бошукӯҳ ва масҷиди дорои 10 ҳазор ҷой аллакай ба итмом расидааст. Чор манораи 75-метра ба маҷмаа шаҳомати хос мебахшанд. Ҳамчунин, осорхона, галереяҳои пӯшида, биноҳои маъмурӣ ва ёрирасон сохта шудаанд.
Айни ҳол корҳои ороишӣ бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва рангҳои гарм идома доранд. Дар фасадҳо ва деворҳои айвонҳо ҳадисҳо аз «Саҳеҳ ал- Бухорӣ» ҷой дода мешаванд.
Илова бар ин, бунёди беш аз 20 меҳмонхона бо 2 ҳазор ҷой ва гулгаштҳои сайругашт пешбинӣ шудааст.
Имсол дар кишвари мо 1155-солагии таваллуди Имом Абу Мансур ал-Мотурудӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Дар қарори дахлдори Президент таъмир ва ободонии мақбараи ӯ дар Самарқанд пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи корҳои оянда муаррифӣ шуд.
Тибқи нақша, дар ин ҷо масҷиди ҷомеи дорои 1 500 ҷой ва бинои маъмурӣ сохта мешавад. Ҳамчунин, китобхона, толори конфронс, осорхонаи инноватсионӣ ва утоқҳо барои мутахассисон пешбинӣ шудаанд. Барои зиёратгарон таваққуфгоҳ ва тахоратхона фароҳам оварда мешавад.
Имом Абу Мансур ал-Мотурудӣ дар даврае зиндагӣ мекард, ки ихтилофҳо дар ҷаҳони ислом зиёд ва равияҳои гуногун паҳн мешуданд. Ӯ тамоми умри худро ба ҳифзи эътиқоди ҳақиқии исломӣ ва густариши маърифат бахшида буд. Осори ӯ, ба мисли «Тавилот ал-Қуръон» ва «Китоб ат-Таӯҳид», асоси маънавии мазҳаби суннӣ гардиданд, ки ба мӯътадилӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват мекард.
Президент таъкид кард, ки ғояҳои ал-Мотурудӣ то ҳол муҳим мебошанд ва дастур дод, ки мероси ин донишманди бузург амиқан омӯхта ва таблиғ карда шавад, инчунин, барои боздидкунандагони маҷмаа тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардад.
Боз як лоиҳаи нек — ободонии оромгоҳи Махдуми Аъзам дар ноҳияи Оқдарё мебошад. Зодаи ноҳияи имрӯзаи Қосонсой, ин орифи бузурги тасаввуф яке аз раҳнамоёни барҷастаи тариқати Нақшбандия буд. Пас аз тай кардани роҳи тӯлонии илм ва имон, ӯ дар вилояти Самарқанд ба хок супурда шуд.
Ин макон низ зиёратгарони зиёдро ҷалб мекунад. Барои қулайии онҳо, дар назди мақбараи Махдуми Аъзам сохтмони таваққуфгоҳи сеошёна ва тахоратхона ба нақша гирифта шудааст.
Маконҳои вобаста ба зиндагӣ ва фаъолияти дигар донишмандон, мутафаккирон ва авлиё, ки аз замини Самарқанд баромадаанд, низ марҳила ба марҳила таъмир ва обод карда мешаванд.