Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Ҷомарт Тоқаев ба Баёнияи муштарак, инчунин қарорҳои Шӯрои олии байнидавлатӣ дар бораи тасдиқи Барномаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ барои солҳои 2024-2034 ва таъсиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ имзо карданд.

Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни боздид маҷмӯи ҳуҷҷатҳо қабул карда шуданд, ки доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро фаро мегиранд, аз ҷумла:

– Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи тартиби сарҳади давлатӣ; – Баённомаҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи гузаргоҳҳо тавассути сарҳади давлатӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

– Нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ барои солҳои 2024-2025;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

 – Баёния дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои иқтисод;

– Баёнияҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи танзими монополияҳои табиӣ ва сиёсати рақобат;

– Меморандум дар бораи таъсиси Шӯрои коршиносони Ӯзбекистону Қазоқистон;

– Созишномаи ҳамдигарфаҳмӣ байни Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фонди «Отандастар»-и Ҷумҳурии Қазоқистон;

– Нақшаи амалии чорабиниҳо оид ба густариши ҳамкориҳо байни ҳокимияти шаҳри Тошканд ва акимати Остона дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ барои солҳои 2024-2026.