Натиҷаҳои гуфтушунид бо созишномаҳо мустаҳкам карда шуданд

    Бинобар натиҷаҳои музокирот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Изҳороти муштарак имзо карданд.

    Дар ҳузури сарони давлатҳо маросими табодули созишномаҳои муҳими дуҷониба баргузор шуд. Аз ҷумла:

    – Нақшаи ҳаракати муштарак оид ба вусъат додани ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкории Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Федератсияи Русия:

    – Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи расонидани кумаки техникӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи метрология;

    – Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи офаридани муштараки филмҳо;

    – Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

    – Созишнома байни Вазорати маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия оид ба гузаронидани озмунҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои илмӣ;

    – Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моҳипарварӣ;

    – Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2024-2026;

    – Барномаи ҳамкорӣ оид ба афзоиши гардиши сайёҳон барои солҳои 2025-2026;

    – Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия оид ба густариши кооператсияи саноатӣ бо мақсади зиёд намудани гардиши савдои байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия;

    – Нақшаи байни Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия оид ба самтҳои асосии фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба зиёд намудани ҳаҷми савдои мутақобила байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2024-2030;

    – Созишнома байни Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳои назди Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти федералии назорати байторӣ ва фитосанитарии Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия дар бораи ҳамкориҳои рақамӣ дар соҳаи фитосанитарӣ;

    – Нақшаи чорабиниҳои амалӣ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2024–2025:

    –Меморандум байни Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати илм ва таълими олии Федератсияи Русия дар бораи таъсиси додани филиали Муассисаи федералии давлатии буҷавии таҳсилотии таълими олии “Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Н.Э. Бауман”:

    – Протоколҳо дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ташкили нигоҳдории тандурустӣ ва танзими маводи доруворӣ барои истифодаи тиббӣ, асбобҳои тиббӣ ва усулҳои баландтехнологии табобат;

    созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар сохтмони неругоҳи барқи атомии камқувват дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

    – Созишнома дар бораи кушодани филиали Академияи умумироссиягии савдои хориҷӣ дар Тошканд;

    – ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозии нақлиётӣ, рушди индустрияи низоми авиатсионии шаҳрвандӣ, афзун гардондани мубодилаи сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои башардӯстӣ дар Тошканд, созмон додани марказҳои агрологистикӣ ва истеҳсолоти замонавии кимиёвӣ.



    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates