Дар Куба заминҷунбии сахт ба амал омад

    Рӯзи якшанбеи 10 ноябр дар шарқи Куба заминларзаи шадид рух дод. Мақомот дар бораи шикаст ба биноҳо ва инфрасохтор хабар медиҳанд, менигорад Reuters.

    Бино ба маълумоти хидмати геологии ИМА, заминларзаи 6,8 дараҷаӣ дар умқи 14 километр дар соҳили ҷанубу шарқи Куба дар наздикии мунисипалитети Бартолом Массо рух додааст.

    Тақрибан як соат пештар дар наздикии он заминларзаи шиддаташ 5,9 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад агентии амрикоӣ.

    "Дар ин ҷо ярч ба амл омаданд, хонаҳо ва хатҳои барқ ​​вайрон шуданд. Мо ба арзёбии талафот шурӯъ кардем... аввалин ва муҳимтар аз ҳама наҷоти ҷони мардум аст" – дар шабакаи иҷтимоии X, навиштааст Президенти Куба Мигел Диас-Канел.

    Сокинони маҳаллӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки ин қавитарин заминларза дар хотираи онҳост. Ба гуфтаи онҳо, хонаҳо ва биноҳо ба шиддат такон дода, зарфҳо, стаканҳо ва гулдонҳо аз рафҳо афтиданд, хабар медиҳад korrespondent.net.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates