Дар рӯзҳои Иди Қурбон метрои Тошканд аз соати 3:00 кор мекунад

    Нақлиёт 12 Iyun 2024 2038

    Дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон, 16 июн, метрои Тошканд аз соати 3:00 ба кор шурӯъ мекунад. Сафар барои ҳамаи мусофирон то соати 10:00 ройгон хоҳад буд.

    Чӣ хеле ки дар маъмурияти метрои Тошканд хабар доданд, ҳаракати поездҳо дар рӯзҳои ид ва соатҳои кори метро бо тартиби зерин сурат мегирад:

    16 июн ба хотири таъмини бароҳатии мусофирон дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон метро ду соат пештар аз ҷадвали муқаррарӣ, яъне аз соати 03:00 ба кор шурӯъ мекунад. Дар ин рӯз ба ҳамаи мусофирон хизмат аз соати 03:00 то 10:00 ройгон расонда мешавад;

    дар рӯзҳои дигар метро аз соати 05:00 тибқи ҷадвали тасдиқшуда кор мекунад.