Барои таъмири низоми обёрию дренажӣ дар Тошканд 700 миллион сӯм ҷудо карда мешавад

    Шаҳришавӣ 11 Aprel 2023 3068

    Барои анҷом додани корҳои таъмири коллекторҳо, системаи обпарто ва насби ҷўйборҳои нави бетонӣ дар шаҳри Тошканд аз ҳисоби фонди захиравии буҷет маблағ ҷудо карда мешавад.

    Қарори мазкурро иҷрокунандаи вазифаи ҳокими пойтахт Шавкат Умурзоқов қабул кард.

    Маблағ дар ҳаҷми 700 миллион сӯм барои таъмири коллекторҳо, низоми обпарто ва гузоштани ҷӯйборхои нави бетонӣ равона карда мешавад. Маблағ аз фонди захиравии буҷети Тошканд ҷудо карда мешавад.

    Гуфта мешавад, ки барои пешгирӣ аз обхезӣ дар вақти борон тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

    Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Президент Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба сохтмони манзил ва барномаи ипотекӣ ҷаласа баргузор карда, дар он гуфта шуда буд, ки боришот ба таври возеҳ аз вазъи бади шабакаҳои обгузари шаҳр шаҳодат медиҳад. Сарвари давлат ба Вазорати сохтмон ва ҳокимияти шаҳри Тошканд супориш дод, ки дар давоми ду ҳафта барномаи ҳалли ин масъаларо таҳия ва амалӣ намоянд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates