Дар қисмати шарқии Ҳиндустон бар асари раъду барқ 25 нафар ба ҳалокат расиданд

    Дар иёлати Биҳор дар шарқи Ҳинд бар асари раъду барқ дастикам 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора агентии PTI хабар дод.

    Тибқи изҳороти идораи сарвазири иёлот, дар ҳавзаи Наланд 18 нафар ва чанд нафари дигар дар навоҳии дигар ҳалок шуданд.

    Раҳбари яке аз аҳзоби сиёсии маҳаллии Rashtriya Janata Dal Тежашви Ядав дар як матлаб дар шабакаҳои иҷтимоии Х гуфт, ки бар асари офатҳои табиии рӯзи панҷшанбе дар минтақа беш аз 50 нафар ҷон бохтаанд, хабар дод report.az.

    "Ман аз талафоти фоҷиавии беш аз 50 нафар дар Биҳор бар асари ҳодисаҳои мухталифи марбут ба тӯфон, борон, барқ, решакан кардани дарахтон ва фурӯ рехтани деворҳо сахт андӯҳгинам", навиштааст ӯ.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates