«Гулҳои тақдимшударо сад боғбон, ки низ ба пойтахт меоянд, мешинонанд», - омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чаҳорчӯби сафар миёни шаҳрҳои Бишкек ва Намангон созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кабудизоркунӣ ва боғдорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад хабаргузории «Кабар».

Дар чаҳорчӯби ин санад ҷонибҳо барои пешбурди табодули мутақобилаи ҳайатҳои шаҳрдорӣ, мусоидат ба табодули мунтазами иттилоот ва таҷриба дар соҳаи кабудизоркунӣ ва боғдорӣ тамоми кори аз дасташон меомадаро хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки Ҷашни гулҳо дар Намангон аз соли 1961 ба ин сӯ баргузор мешавад ва бозгӯи ғании фарҳанги гулпарварии Ӯзбекистон аст. Дар пеши назари меҳмонон зиёда аз 60 ҳазор хел гул пайдо шуд. Умуман, барои тайёрӣ ба фестивал 16 миллион гули иборат аз 300 намуд шинонда шуд. Меҳмонон инчунин шоҳиди паради мошинҳои бо гулҳои гуногун ороёфта шуданд.