Дзюдочиёни ҷавони мо ба чемпионати Осиё роҳ ёфтанд

    Варзиш 29 Noyabr 2021 760

    Аз 2 то 5 декабри соли ҷорӣ дар Бейрут, пойтахти Лубнон, Чемпионати Осиё ва Уқёнус оид ба дзюдо байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.

    Дар мусобикаи хотимавии сол ҷанговарони ҷавони қариб бист мамлакати қитъаи мо иштирок мекунанд. Дар байни онҳо ҳайати пурраи командаи яккачини Ӯзбекистон низ ҳастанд.

    Имшаб ҳайати тими миллии мо, ки шарафи кишварро дар чемпионати Осиё ҳимоят мекунад, ба Бейрут рафт.

    Ба ҳайати даста ҷангиёни ботаҷриба дохиланд, ки на як бору ду бор рангҳои Парчами давлатиро дар арсаи байналмилалии варзиш ҳифз кардаанд. Инҳо Шоҳрух Мамарасулов, Исломбек Равшанқулов, Ҷайхунбек Назаров, Шукурҷон Аминова, Ирисхон Қурбонбоева, Сита Қадамбоева мебошанд, хабар медиҳад МОК.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates