Ҳокими вилояти Навоӣ тасдиқ шуд

    Ҳукумат 25 Noyabr 2022 8796

    Дар шаҳри Навоӣ иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқи вилоят баргузор гардид.

    Дар он Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

    Сарвари давлат дар оғози суханронии худ ба мардуми вилоят эҳтироми амиқ баён намуда, пешниҳод кард, ки мулоқот дар шакли муколамаи ошкоро баргузор шавад.

    — Мақсади калонтарини мо дар маҷлиси имрӯза мубодилаи ошкорои афкор аст. Мо бояд роҳи ҳалли масъалаҳоеро, ки 330 маҳалла, 1 миллиону 50 ҳазор сокинони вилояти Навоиро ба ташвиш овардааст, пайдо кунем. Муҳтарам депутатҳо, намояндагони наслҳои калонсол, чавонон, агар бигуед, ки шуморо чӣ ташвиш медиҳад, дар маҳалҳо чӣ гуна мушкилот мавҷуданд, ба ман некӣ мекунед. Агар мо, бо халқамон маслиҳат кунем, роҳҳои ҳалли тамоми масъалаҳоро паёдо кунем, албатта натиҷа хоҳад буд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар рафти суҳбат вазъи имрӯзаи тараққиёти вилояти Навоӣ таҳлил карда шуд. Тайи се соли охир дар вилоят лоиҳаҳои бузурги саноатӣ ба маблағи 2 миллиард доллар ба роҳ монда шуданд. Дар натиҷа беш аз 10 ҳазор ҷойҳои нави корӣ созмон дода шуда, иловагӣ соле 1 триллион сӯмина мадохилоти андоз ва 100 миллион доллар содирот таъмин гардид.

    Қайд карда шуд, ки вилоят барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт захираю имкониятҳои калон дорад. Масалан, дар асоси кооператсия маҳсулоти воридотӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар кишоварзӣ соҳаи чорводорӣ ба таври пурра ҷалб карда нашудааст. Барои нигоҳ доштани меваю сабзавот зарфҳо намерасанд. Мушкилоте ҳастанд, ки аҳолиро дар соҳаи иҷтимоӣ низ ба ташвиш меандозанд.

    Дар маҷлис масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Президент номзадии Нормат Турсуновро ба вазифаи ҳокими вилояти Навоӣ пешниҳод намуд.

    Н.Турсунов соли 1972 дар вилояти Тошканд таваллуд шудааст. Солҳои зиёд дар системаи андози давлатӣ кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Навоӣ мебошад.

    Сарвари давлат пеш аз оғози муҳокимаи номзад пешниҳод кард, ки барномаи номзадро шунаванд. Нормат Турсунов дар бораи нақшаҳои худ оид ба рушди соҳибкорӣ, саноат ва кишоварзӣ дар вилоят, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ тақдимот намуд.

    Президент ин таклифҳоро маъқул дониста, барои амалӣ гардондани онҳо чораҳо муайян кард.

    Ба мақсади рушди соҳибкорӣ дар соли оянда вазифа гузошта шуд, ки 26 маркази саноатии маҳаллӣ ва минтақаи хурди саноатӣ таъсис дода, барои барномаҳои соҳибкории оилавӣ 600 миллиард сӯм ҷудо карда шавад. Таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ вилояти Навоӣ барои он ки ба минтақаи бе камбизоат ва бекор табдил ёбад, тамоми имкониятҳо мавҷуд аст.

    Соли оянда дар соҳаи саноат 186 лоиҳа бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи корӣ амалӣ мегардад. Ин омили муҳими коҳиши воридот ва ба 250 миллион доллар расондани содирот хоҳад буд.

    Дар ноҳияҳои Хатирчӣ, Кармана, Навбаҳор, Қизилтеппа ва Нурато 72 маҳалла ба парвариши картошкаю сабзавот, ангур ва анор махсус гардонда шудааст. Сарвари давлат зарурати беҳбуди таъмини обро дар 5 ҳазор гектари атрофи ин маҳаллаҳо таъкид кард.

    Инчунин дастур дода шуд, ки хоҷагиҳои тухмипарварии чарогоҳҳо, майдонҳои ферула, марказҳои агрологистикӣ таъсис дода шаванд. Ба тараққиёти соҳаи иҷтимоӣ, сохтмони мактабу боғчаҳои бачагон, бо манзил ва оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ диққати махсус дода шуд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2023 барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии вилоят ба таври иловагӣ 655 миллиард сӯм ва барои рушди соҳибкории оилавӣ 750 миллиард сӯми дигар ҷудо карда мешавад.

    Баъди тақдимот депутатҳои Шӯрои вилоят нақшаҳои номзадро муҳокима намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. Масъалаи таъин кардани вилояти Навоӣ ба овоз гузошта шуд. Аз рӯи натиҷаҳои он Нормат Турсунов ҳокими вилояти Навоӣ тасдиқ карда шуд.

    Сарвари давлатамон қайд намуд, ки нақшаҳои дар ҷамъомад садододаро бояд ба ҳаёт татбиқ намуд, тамоми идораҳо бояд дар атрофи ҳоким мутттаҳид шуда, ба халқ хидмат кунанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates