Сафири нави Сербия дар Ӯзбекистон таъин шуд

    27 октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов эътимодномаҳои сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сербия дар Ӯзбекистон Момчило Бабичро қабул кард.

    Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо омодагии муштараки худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳо байни Ӯзбекистон ва Сербия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар ҷанбаҳо изҳор намуданд.

    Вазири корҳои хориҷӣ ба Момчило Бабич барори кор таманно карда, ба ӯ дар иҷрои рисолати дипломатие, ки ба амиқтар намудани ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак равона шудааст, муваффақият орзу намуд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates