Нетаняҳу фармон дод, ки ба Ғазза зарбаҳои "фаврӣ ва қавӣ" дода шаванд

    Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу шоми рӯзи сешанбе, пас аз он ки Исроил ҷунбиши ҲАМОСИ Фаластинро дар вайрон кардани оташбас айбдор кард, ба артиш фармон додааст, ки ба Ғазза зарбаҳои "фаврӣ ва қавӣ" анҷом диҳанд.

    Нетаняҳу дар изҳорот гуфт, ки ин фармон пас аз машваратҳои амниятӣ бо мақомоти баландпояи мудофиа дода шудааст.

    Рӯзи сешанбе радиои артиши давлатии Исроил хабар дод, ки пас аз ҳамлаи ҷанговарони ҲАМОС ба мавқеъҳои Исроил бо аслиҳаи зиддитанкӣ ва тирҳои снайперӣ, нерӯҳои Исроил ба шаҳри Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби бахши Ғазза, тирпарронии артиллерӣ анҷом доданд. ҲАМОС ҳанӯз дар бораи иттиҳомоти Исроил шарҳ надодааст, хабар медиҳад russian.news.cn.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates