Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, шарикии стратегӣ ва иттифоқии байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд.

Дар оғози музокирот роҳбари кишвари мо Президенти Қазоқистонро бо муваффақона баргузор шудани раъйпурсии Конститутсияи нав табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки вохӯриҳои мунтазами ғайрирасмӣ дар минтақаҳо ба анъанаи нек табдил ёфта, барои баррасии кушода ва созандаи масъалаҳои муҳими дуҷониба ва минтақавӣ мусоидат мекунанд.

Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки татбиқи амалии тавофуқоти бадастомада дар ҷараёни сафари Президенти Қазоқистон ба Ӯзбекистон моҳи ноябри соли гузашта идома дорад.

Муносибатҳо дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла ҳамкории байниҳукуматӣ ва байнипарламентӣ, фаъол гардидаанд.

Ҳаҷми гардиши мол устуворона меафзояд ва тибқи натиҷаҳои соли гузашта ба 5 миллиард доллар расидааст. Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои автомобилсозӣ, инфрасохтор, логистика, электротехника, масолеҳи сохтмон ва дигар бахшҳо бомуваффақият амалӣ мешаванд.

Як қатор ташаббусҳои нав дар соҳаҳои кимиё, геология, энергетика ва истеҳсоли ҷузъҳои автомобилӣ баррасӣ гардиданд.

Ба рушди ҳамгироии нақлиётӣ-логистикӣ диққати махсус дода шуд. Зарурати татбиқи чораҳои муштарак барои навсозии инфрасохтори сарҳадӣ, бартараф намудани монеаҳо ва ташаккули долонҳои самараноки нақлиётӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони НБО-и Қамбарота ва содироти «энергияи сабз»-ро баррасӣ карданд.

Муҳимияти ҳамкории муштарак дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об ва пешбурди ташаббусҳои экологӣ, аз ҷумла лоиҳаи «Ҳавои тоза» дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид.

Роҳбарон инчунин омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсионӣ ва технологияи баланд, аз ҷумла кайҳон, рақамисозӣ, савдои электронӣ ва дастгирии стартапҳо изҳор доштанд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки табодули фарҳангӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳанг, форумҳои ҷавонон, ҳамкорӣ дар иқтисоди креативӣ ва туризм густариш дода шавад.

Ҳамчунин масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни мулоқот маърӯзаҳои муовинони сарвазирон оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла чораҳо барои расонидани ҳаҷми савдои дуҷониба то 10 миллиард доллар дар ояндаи наздик шунида шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои музокирот ба ҳукуматҳо супориш дода шуд, ки «харитаи роҳ»-и татбиқи тавофуқоти бадастомадаро таҳия намоянд.