Масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии фарогир ва ҳампаймонӣ миёни Ӯзбекистон ва Русия баррасӣ шуданд.
Рушди босуръати ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Аз аввали сол ҳаҷми гардиши мол 20 фоиз афзоиш ёфтааст.
Алҳол татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои саноат, энергетика, металлургия, нақлиёт, саноати кимиё ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисод идома дорад.
Аҳамияти нигоҳ доштани суръати кунунии гардиши мол, тезондани лоиҳаҳои кооператсионӣ ва идомаи робитаҳои фаъол дар сатҳи минтақаҳо таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ба густариши минбаъдаи табодули фаъоли фарҳангиву гуманитарӣ диққати махсус дода шуд. Қайд гардид, ки дар ин рӯзҳо дар Театри Мариинский нахустнамоиши операи «Тамерлано»-и Георг Фридрих Гендел баргузор гардида, дар Осорхонаи давлатии Эрмитаж намоишгоҳи ҳунарҳои амалии Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт.
Роҳбарон нақшаи чорабиниҳои ояндаро низ муҳокима карданд.