Ин маҷмаа идомаи таҷрибаи муттаҳидсозии мақомоти идоракунӣ мебошад, ки дар ноҳияи Кӯкдалаи вилояти Қашқадарё аз санҷиш гузаронида шудааст. Дар он ҷо 38 идораи давлатӣ дар як ҷо ҷамъ оварда шуда, барои аҳолӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст. Шаҳрвандоне, ки пештар барои анҷом додани корҳои гуногун масофаи дурро тай карда, ба ноҳияҳои дигар мерафтанд, ҳоло метавонанд ҳамаи хизматҳоро дар ҷои наздик ба даст оранд.
Президент соли гузашта зимни сафар ба Кӯкдала таъкид карда буд, ки чунин усул бояд барои тамоми ноҳияҳо намуна гардад. Дар муддати сипаришуда дар дигар минтақаҳо низ дар асоси ҳамин таҷриба корҳои бунёдкорӣ оғоз ёфтаанд.
Бахусус, маркази маъмурии Бухоро дар масоҳати 14 гектар бунёд шуда, дар марҳилаи аввал ҳокимиятҳои вилоят ва шаҳр, прокуратураи вилоят ва садорати корҳои дохилӣ барин идораҳои давлатӣ дар як ҳудуд ҷойгир шуданд. Ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар шудани ҳамоҳангии мақомоти иҷроияиҳокимияти маҳаллӣ, суръат бахшидан барои баррасии муроҷиатҳо ва баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои давлатӣ хидмат мекунад.
Маҷмаа танҳо аз биноҳои маъмурӣ иборат нест. Дар ин ҷо барои фароғати шаҳрвандон гулгашт, фаввора ва минтақаҳои сабз низ бунёд мегарданд.
Президент бо корҳои бунёдкорӣ дар бинои нави ҳокимияти вилоят низ шинос шуд.
Зарурати пайваста идома додани муттаҳидсозии мақомоти давлатӣ дар марказҳои ягонаи маъмурӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ба мардум ва таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои зарурӣ дар як ҷо, бе он ки ба суроғаҳои гуногун раванд, таъкид гардид.
Ҳамчунин, дар ин ҷо ба роҳбари давлат корҳое, ки ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ амалӣ мешаванд, муаррифӣ гардиданд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки аз ҷониби бонкҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар қиёси минтақа ва маҳаллаҳо таҳлилҳо гузаронида шуда, дар мисоли ноҳияи Бухоро нуқтаҳои рушд муайян гардидаанд. Ин таҳлилҳо барои дар ҳамбастагӣ арзёбӣ намудани захираҳои замин, об, меҳнат, талаботи бозор, инфрасохтор ва иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ имконият доданд. Дар натиҷа, соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ, саноат ва хизматрасониҳои канори роҳ ҳамчун самтҳои ояндадори ноҳияи Бухоро муайян гардидаанд.
Бахусус, имкониятҳои азхудкунии 15 ҳазор гектар замин, бунёди 500 гектар токзорҳои нав, рушди энотуризм, инчунин татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои нафту газ, кимиё, сохтмон ва саноати хӯрокворӣ зикр шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои 2026–2031 метавон дар ин самтҳо ба маблағи 7,4 триллион сӯм лоиҳаҳо амалӣ намуда, 15 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дод.
Инчунин, таъкид гардид, ки 36 маҳаллаи ноҳияро метавон ба 6 самти асосӣ – токпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, сайёҳӣ ва хидматрасонӣ ихтисосонидан мумкин аст. Барои суръат бахшидан ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, бо истифода аз зеҳни сунъӣ роҳҳои ҳалли масъалаҳо ҷиҳати ташаккули пойгоҳи захираҳо, таҳияи автоматии нақшаҳои тиҷоратӣ, назорати гардиши маблағ ва натиҷаҳо дар вақти воқеӣ таҳия карда мешаванд.
Президент таъкид кард, ки бо истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ, кушодани иқтидори ҳар як минтақа, таҳияи лоиҳаҳо бо таваҷҷӯҳ ба натиҷаҳо ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба афзоиши шуғл ва даромади аҳолӣ мусоидат мекунанд, муҳим мебошад.