Барои саҳми бебаҳо дар рушди санъати муосири сурудхонии ӯзбекӣ, махсусан боло бурдани сатҳи эстрадаи миллӣ ба марҳилаи нав бо истеъдоди нодири худ ва фаъолияти пурсамари эҷодӣ, инчунин барои хизматҳои бузург дар муаррифии фарҳанги миллӣ дар ҷаҳон, ҳифзи мероси ғании маънавӣ, фаъолияти намунавӣ дар таъсиси ансамбли «Ялла» ва табдил додани он ба як гурӯҳи эҷодии маъруфи байналмилалӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, инчунин ба муносибати 80-солагӣ, роҳбари бадеии ансамбли «Ялла» Фаррух Закиров бо ордени «Буюк хизматлари учун» сарфароз гардонида шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ш. Мирзиёев