Роҳбари мамлакат таъкид кард, ки таъминоти устувори неруи барқ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи нақшаҳои соҳибкорон ва сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ муҳим аст. Дар даҳ соли охир бозори энергетика барои сармояи хусусӣ боз шуда, механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷорӣ гардиданд. Дар ин давра ба соҳа 35 миллиард доллар сармоя ворид карда шуд. Аз ҳисоби неругоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва барқи обӣ ҳиссаи энергияи барқароршаванда дар ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ ба 31 фоиз расид.
Дар рӯзи мулоқот оид ба шаш лоиҳаи бузург ба маблағи умумии 4 миллиарду 700 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расиданд. Дар доираи онҳо иқтидорҳои генератсия ба андозаи 3 ҳазор мегаватт ва захиракунии энергия ба андозаи 400 мегаватт ба вуҷуд оварда мешаванд.
Президенти мамлакат таъкид кард, ки дар самти ҷалби сармоя ба энергетика марҳалаи нав оғоз меёбад. Минбаъд ҳар як лоиҳа дар баробари офаридани иқтидорҳои нав, бояд эътимоднокии таъминотро баланд бардошта, талафоти неруи барқро камтар намояд. То соли 2030 бунёди 22 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нав, ба беш аз 129 миллиард киловатт-соат зиёд кардани ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ ва ба 54 фоиз расонидани ҳиссаи энергияи барқароршаванда чун мақсад муайян гардидааст.
Дар ин замина, низомҳои истеҳсол, интиқол ва захиракунии энергия дар ҳоли ҳамбастагӣ рушд дода мешаванд. Зарурати иқтидорҳо дар ҳар як минтақа пешакӣ муайян гардида, лоиҳаҳои омодаро дар озмунҳои кушод мегузоранд. Ба сармоягузорон шартҳои ҷудо кардани қитъаи замин, пайвастан ба шабака ва хариди неруи барқ пешакӣ маълум карда мешаванд. Дар ояндаи наздик шаш лоиҳаи сохтмони неругоҳҳои офтобӣ ва бодиро бо иқтидори умумии 2 ҳазору 200 мегаватт ба озмун мегузоранд.
Бори аввал Нақшаи генералии миллии соҳаи энергетика то соли 2050 таҳия гардида, эълон карда мешавад. То 1 марти соли оянда харитаи имкониятҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳо ва то 1 июл нақшаи генералии мукаммал пешниҳод мегардад. Ин ба сармоягузорон имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои худро барои муҳлати тӯлонӣ ба нақша гиранд.
Ба тавсеаи шабакаҳои барқӣ ва инфрасохтори захиракунии энергия диққати махсус дода шуд. То соли 2030 сохтмони шабакаҳои барқӣ ба масофаи 5 ҳазор километр ва 16 зеристгоҳи бузург, инчунин ба 4,5 гигаватт расонидани иқтидори низомҳои захиракунии энергия ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, бо назардошти афзун гардидани талаботи корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои коркарди маълумот ба неруи барқ, зарурати пешакӣ ташкил намудани таъминоти боэътимоди барқ барои онҳо таъкид гардид.
Масъалаҳои тавсеаи иштироки бахши хусусӣ дар шабакаҳои тақсимоти неруи барқ, навсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва истгоҳҳои насосӣ дар асоси технологияҳои каммасрафи энергия низ баррасӣ шуданд. Барои фароҳам овардани имконият ҷиҳати гирифтани даромади иловагӣ аз сертификатҳо ва кредитҳои карбон барои истеҳсолкунандагони энергияи «сабз» механизмҳо ҷорӣ мешаванд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд барои саноати маҳаллӣ низ имкониятҳои нав фароҳам оваранд. Дар самти маҳаллисозии истеҳсоли таҷҳизоти баландшиддат, низомҳои захиракунии энергия ва қисмҳои эҳтиётии генераторҳои бодӣ 12 лоиҳаи ояндадор ба маблағи 850 миллион доллар омода карда шудааст. Таъсиси минтақаи махсуси саноатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ ба неругоҳи барқи ҳастаӣ, ки дар ноҳияи Фориш бунёд мегардад, ба нақша гирифта шудааст.
Дар соҳаи нафту газ низ ҳамкориҳо дар самтҳои корҳои иктишофи геологӣ, афзунсозии самарадории конҳо ва коркарди амиқи ашёи хом густариш дода мешавад. Дар минтақаи Устюрт бо ширкатҳои «SOCAR» ва «British Petroleum» дар шаш блоки сармоягузорӣ корҳои иктишофӣ идома доранд, барои пешниҳод ба шарикони хориҷӣ боз 128 блок омода карда шудааст. Инчунин, нақшаҳои татбиқсозии лоиҳаи MTO дар вилояти Бухоро, навсозии корхонаҳои коркарди нафти Бухоро ва Фарғона низ зикр гардиданд.
Бо таваққуф ба масъалаи тадриҷан ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ дар таъминоти гази моеъ, роҳбари давлат таъкид кард, ки дар ин раванд бояд пайвастагии таъминот, бехатарӣ ва сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ дар мадди аввал қарор бигирад.
Васеъ намудани иштироки сармоягузорон дар омодасозии мутахассисон барои иншооти нави энергетикӣ пешниҳод гардид. Аз соли таҳсили оянда квотаҳои қабул дар самтҳои энергетикии муассисаҳои таҳсилоти олӣ афзуда, ҳар сол барои таҳсили 50 ҷавон дар донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ грантҳои давлатӣ ҷудо карда мешаванд.
Сармоягузорон қаблан ташаббуси тавассути мулоқоти доимӣ ҳал намудани масъалаҳои марбут ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, пайвастан ба шабакаҳо ва гирифтани шартҳои техникиро пешниҳод карда буданд. Дар робита ба ин, Шӯрои сармоягузорон дар соҳаи сӯзишворию энергетика таъсис меёбад. Шӯро, ки раёсати онро роҳбари Маъмурияти Президент ба ӯҳда дорад, бо ҳалли фаврии масъалаҳое машғул мешавад, ки аз марҳалаи омода намудани лоиҳаҳо то ба истифода супоридани иншоот ба миён меоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ Президент бо сармоягузорон суҳбат карда, фикр ва пешниҳодҳои онҳоро шунид, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён кард.