Интизор меравад, ки соли 2026 муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриро 320 ҳазор донишҷӯ хатм намоянд. Дар солҳои охир бо васеъ гардидани фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ, шумораи хатмкунандагон, ки ба бозори меҳнат ворид мешаванд, низ меафзояд.

Дар таъмини шуғли онҳо кор бо ҳар як хатмкунанда, равона кардани онҳо ба ҷойҳои кори мавҷуда дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ, инчунин истифодаи самараноки имкониятҳои марказҳои касбомӯзии назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ нақши муҳим дорад.

Барои маблағгузории имтиёзноки лоиҳаҳои соҳибкории хатмкунандагон барномаи «Қадаме ба оянда» амалӣ мегардад, ки дар доираи он соли 2025 барои маблағгузории зиёда аз 6 ҳазор лоиҳа 378 миллиард сӯм ҷудо гардида, дар натиҷа тақрибан 8 ҳазор хатмкунанда бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Дар рафти муаррифӣ нақшаҳо оид ба ҷудо намудани 500 миллиард сӯм барои маблағгузории беш аз 8 ҳазор лоиҳа ва таъмин намудани шуғли тақрибан 10 ҳазор ҷавон дар соли 2026 баён гардиданд. Пешниҳод шуд, ки ин барнома тавассути фароҳам овардани имтиёзҳои иловагии молиявӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ васеъ карда шавад.

Ҳамчунин зарурати ташкил намудани намоишгоҳҳои касбӣ «TalabaExpo-2026» ва дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби фаъолонаи корфармоён ва соҳибкорон таъкид гардид.

Зарурати баланд бардоштани масъулияти вазорату идораҳо, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои калони хоҷагидорӣ дар масъалаи таъмини шуғли хатмкунандагон таъкид шуд.

Ҳамаи равандҳо тавассути платформаи мусоидат ба шуғл — career.edu.uz назорат карда мешаванд. Ба ҳаллу фасли масъалаҳои шуғл ҳокимиятҳои маҳаллӣ низ ҷалб мегарданд ва дар натиҷа низоми амудии кор бо хатмкунандагон ба роҳ монда мешавад.

Дар баробари ин, механизмҳои нави ташкили кори мунтазам дар самти мусоидат ба шуғли донишҷӯён дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешниҳод гардиданд.

Аз ҷумла, дар ҳамаи донишгоҳҳо фаъолияти пурраи марказҳои карера ба роҳ монда шуда, вобаста ба натиҷаҳои онҳо ҳавасмандгардонӣ ҷорӣ мегардад. Фаъолияти марказҳо аз рӯи «Индекси сифати хатмкунанда» баҳогузорӣ мешавад. Ба 20 мактабҳои олие, ки натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, 500 миллион сӯм ҷудо карда мешавад.

Дар соли ҷорӣ баргузории 360 ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар сатҳи донишгоҳҳо ва 750 ярмарка дар сатҳи факултетҳо, инчунин ташкили вохӯриҳо (воркшопҳо) бо иштироки зиёда аз ҳазор корфармо барои ҳар як самт ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, барои ташаккули малакаҳои соҳибкорӣ дар донишҷӯён ва шинос намудани онҳо бо имкониятҳои тиҷорат, аз соли таҳсили 2026/2027 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ фанни «Асосҳои соҳибкорӣ» ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамчунин чораҳо оид ба дастгирии стартапҳои донишҷӯён, ҷалби онҳо ба корхонаҳои спин-офф, кушодани филиалҳои кафедраҳо дар корхонаҳои соҳавӣ ва густариши таҷрибаи ҳимояи корҳои дипломӣ дар корхонаҳои корфармо муайян гардиданд.

Ташаббуси ҷорӣ намудани шакли ҳадафноки таҳсилоти дуалӣ низ пешниҳод шуд, ки ба омодасозии мутахассисон мувофиқи фармоиши дақиқ ва барномаҳои мутобиқ равона гардидааст.

Дар ин раванд, қабули довталабон ба барнома ва муайян намудани арзиши таҳсил дар асоси шартнома бо мувофиқаи мутақобилаи корфармо ва донишгоҳ анҷом дода шуда, фармоишгар пас аз хатми таҳсил шуғли хатмкунандаро кафолат медиҳад.

Зарурати баланд бардоштани масъулияти роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои иҷрои босифати чорабиниҳо ва ворид намудани нишондиҳандаи таъмини шуғли хатмкунандагон ба сифати меъёри асосӣ (KPI) таъкид гардид.

Президенти кишвар ба масъулон супориш дод, ки кори самаранок бо хатмкунандагонро таъмин намуда, ташаббусҳои пешниҳодшударо ҳамаҷониба баррасӣ ва барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.