Шуморо ба муносибати ифтитоҳи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ, ки бори аввал дар сарзамини қадима ва меҳмоннавози Ӯзбекистон баргузор мегардад, самимона табрик мегӯям.

Боиси рамзист, ки ин форуми воқеан таърихӣ бо иштироки олимони барҷаста, намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, намояндагони фарҳангу мазҳабҳои гуногун, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз зиёда аз чиҳил кишвари ҷаҳон дар Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Ин чорабинии бузурги байналмилалӣ гувоҳи афзоиши таваҷҷуҳ ва эътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамаддуни исломӣ ва мероси ғании маънавӣ, илмӣ ва фарҳангии он мебошад.

Имрӯз ҷаҳон давраи дигаргуниҳои амиқ ва босуръатро аз сар мегузаронад. Башарият ба дастовардҳои бесобиқа дар соҳаҳои илм ва технология ноил гардида, ҳамзамон бо мушкилоту таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст: низоъҳо ва нобоварии мутақобил шиддат мегиранд, ғояҳои вайронгар, таҳаммулнопазирӣ, ифротгароӣ ва зуҳуроти исломситезӣ густариш меёбанд. Ҳамчунин, кӯшишҳо барои ба ҳам муқобил гузоштани фарҳангҳо, динҳо ва тамаддунҳо, урфу одат ва анъанаҳои халқҳои гуногун бештар мешаванд.

Дар чунин шароити мураккаб арзишҳои воло, аз ҷумла арзишҳои исломӣ, ки аз қадим ҳамчун пояи устувори зиндагии осоишта, рушди тадриҷии башарият ва талоши он ба сулҳу ризоият ва маърифат хидмат карданд, аҳаммияти махсус касб мекунанд. Маълум аст, ки ин арзиҳшо дар тӯли асрҳо ҳамчун манбаи пуриқтидори пешрафти илм, эҳёи фарҳанг ва такомули маънавӣ ба рушди тафаккури ҷаҳонӣ саҳми бебаҳо гузошта, ба қисми ҷудонашавандаи мероси умумибашарӣ табдил ёфтаанд.

Ғояи консептуалии «Маърифат бар зидди ҷаҳолат», ки Ӯзбекистон соли 2017 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ҳақиқати одӣ ва тағйирнопазирро тасдиқ мекунад: дар ин давраи ноором ва муташанниҷ танҳо илм, маориф, тарбия, фарҳанг ва арзишҳои баланди ахлоқӣ метавонанд пояи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти ҷомеа ва рушди устувор дар рӯи Замин бошанд.

Дини муқаддаси мо – ислом, шаъну шарафи инсонро воло медорад, ӯро ба ҷустуҷӯи ҳақиқат, талош барои дониш ва маърифат, кашфиёти илмӣ, меҳнати созанда ва рушди маориф, санъат ва фарҳанг илҳом мебахшад.

Дар ин мероси нодир, ки дороии муштараки башарият аст, минтақаи мо низ саҳми арзанда дорад. Ин сарзамини паҳновар ҳамчун яке аз бузургтарин марказҳои илм, маърифат ва маънавият дар ҷаҳон эътироф шудааст. Дар тӯли асрҳо дар ин замини муқаддас, риёзиёт, ситорашиносӣ, геодезия, тиб, кимиё, таърих, фалсафа, калом, илми ҳадис ва бисёр илмҳои дигар дар сатҳи баланд рушд ёфта буданд. Дар ганҷинаи тафаккури ҷаҳонӣ мероси гаронбаҳои ҳамватанони бузурги мо – Муҳаммад Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мирзо Улуғбек, Алишери Навоӣ, Бобур Мирзо, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотуридӣ ва Бурҳониддин Марғинонӣ ҷойгоҳи шоиста дорад.

Дастовардҳои азими илмӣ ва фарҳангии таърихи кишвари мо, ки дар давраҳои Эҳёи бузург – Ренессанси якум ва дуюм ба даст омадаанд, то имрӯз инсониятро ба комёбиҳои нав илҳом мебахшанд. Имрӯз Ӯзбекистони Нав дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо итминон барои бунёди пояҳои Ренессанси сеюм қадам мегузорад.

Мо ин давраи нави Эҳёро марҳилаи нави рушд медонем, ки бар пояи илм, навоварӣ, маорифи муосир, рушди маънавию зеҳнии ҷомеа, эҳтироми амиқ ба мероси ғании таърихии худ ва татбиқи иқтидори созандаи ҳар як инсон бунёд шудааст.

Аз ин рӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эҳё, ҳифзи эҳтиёткорона, омӯзиш ва таблиғи васеи мероси ғанӣ ва нотакрори тамаддуни исломӣ муайян гардидааст. Тадбирҳои низомманд пеш аз ҳама ба омӯзиши амиқи ин мерос, омода намудани мутахассисони баландихтисос, дастгирии таҳқиқоти бунёдии илмӣ ва рушди ҳамкориҳои башардӯстона равона шудаанд. Дар ин замина барои барқарорсозӣ ва ободонии зиёратгоҳҳои муқаддас ва маҷмааҳои таърихию фарҳангие, ки бо ҳаёт ва фаъолияти намояндагони бузурги тамаддуни исломӣ алоқаманданд, корҳои бузург анҷом дода мешаванд.

Мо, бешубҳа, аз он хушҳолем, ки маҷмааи ёдгории муҳаддиси бузург Имом Бухорӣ, ки дар вилояти Самарқанд бо симои комилан нав бунёд гардидааст, ҳамчун яке аз марказҳои бузурги маънавӣ, илмӣ ва маърифатӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳони ислом эътироф мешавад.

Сарзамини Ӯзбекистон, ки аз қадим макони бархӯрди тамаддунҳо, фарҳангҳо ва динҳои бузург буд, имрӯз низ ба сарзамини мубораке табдил ёфтааст, ки дар он намояндагони миллатҳо, халқиятҳо ва мазҳабҳои гуногун дар фазои сулҳ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. Анъанаҳои кушодадилӣ ва таҳаммулпазирӣ пояи сиёсати давлатии моро ташкил дода, моҳият ва мазмуни талошҳои кишварро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона ва густариши муколамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо муайян месозанд.

Муҳтарам иштирокчиёни форум!

Нидои ҷовидонаи Қуръони карим – «Иқра!» («Бихон!») барои ҳамаи инсони некандеши ҷаҳон ҳамчун ситораи раҳнамо хизмат мекунад ва онҳоро дар роҳи ормонҳои наҷиб баҳри саодати насли имрӯз ва оянда ҳидоят менамояд. Бо гузашти асрҳо маънои аслии ин нидои муқаддас аҳамияти худро ҳаргиз аз даст надодааст.

Баръакс, дар замони рушди бесобиқаи технологияҳо ва дигаргуниҳои босуръат, ин нидо боз ҳам пуртанинтар садо медиҳад ва ба тамоми башарият хотиррасон месозад, ки нақши асосӣ дар шукуфоии ҷомеа ба илм, маърифат, рушди маънавӣ ва зеҳнӣ тааллуқ дорад.

Ин васияти муқаддас бар дарвозаи асосии Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон нақш бастааст ва ҳадафи олии онро бобати  иҷрои рисолати бузург оид ба ҳифзи эҳтиёткорона ва омӯзиши амиқи мероси бебаҳои тамаддуни исломӣ, инчунин таҳкими ҳамаҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон равшан ифода мекунад. Барои мо ин марказ рамзи хотираи таърихии халқамон, нишонаи эҳтироми амиқ ба мероси аҷдодони бузург ва ҳамзамон таҷассумгари рӯшанӣ аз ормонҳои Ӯзбекистони Нав ба сӯи оянда мебошад.

Марказ фазои кушоди зеҳнӣ аст, ки ҳамаи донишмандон, муҳаққиқон, уламои дин ва мутахассисони ҷаҳонро, ки ҳаёти худро ба рушди илм, ҳифз ва интиқоли арзишҳои умумибашарӣ ба наслҳои оянда бахшидаанд, ба ҳам меорад.

Боиси хушнудист, ки дар як муддати кӯтоҳ ин марказ ба пули зеҳнӣ табдил ёфт, ки гузашта ва оянда, Шарқ ва Ғарб, анъанаҳои қадим ва дастовардҳои муосири илмиро бо ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, мо Форуми якуми байналмилалии тамаддуни исломиро марҳилаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ медонем, ки иқтидори зеҳнии кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои илмӣ, донишгоҳҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва пажӯҳишгоҳҳоро муттаҳид хоҳад сохт. Мо умедворем, ки дар ин самт барномаи муштараки амал қабул мегардад.

Ӯзбекистон ҳамеша омода аст, ки аз лоиҳаҳо ва ташаббусҳое, ки якҷо бо шарикони байналмилалӣ амалӣ мешаванд, ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Дар Маркази тамаддуни исломӣ барои гузаронидани таҳқиқоти бунёдии илмӣ, ташкили форуму конфронсҳои байналмилалӣ, омода намудани нашрияҳои муштарак, татбиқи барномаҳои таълимӣ ва рушди робитаҳои густурдаи башардӯстона бо марказҳои пешрафтаи илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон тамоми шароит муҳайё гардидааст.

Мо қатъиян бар онем, ки илм ва маърифат имрӯз ҳам неруи бузургтарини муттаҳидкунандаи инсоният, пояи созанда ва заминаи устувори сулҳу рушди устувор мебошанд ва ҳамаи шуморо ба ҳамкорӣ баҳри расидан ба ин ҳадафи наҷиб даъват менамоем.

Дӯстони гиромӣ!

Дар доираи форум дар шаҳрҳои таърихии Самарқанд ва Тирмиз конфронсҳое баргузор мешаванд, ки ба мероси илмии аҷдодони бузурги мо бахшида шудаанд. Дар он ҷо шумо метавонед шахсан бо корҳои дар кишвар ҷиҳати эҳё ва ҳифзи арзишҳои маънавию маърифатӣ, таҳкими сулҳу таҳаммулпазирӣ ва бунёди Ӯзбекистони Нав анҷомёфта шинос шавед. Бовар дорам, ки мулоқоту суҳбатҳои ошкоро бо мардуми меҳнатдӯст ва меҳмоннавози мо ба шумо барои анҷом додани таҳқиқоти нави илмӣ, офаридани асарҳои бадеӣ ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангиву башардӯстона илҳоми тоза мебахшанд.

Бори дигар ҳамаи шуморо самимона хайрамақдам гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, дастовардҳои нав дар фаъолияти пуршарафатон ва ба кори форум комёбиҳои бузург орзу менамоям.

 

Шавкат Мирзиёев

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон