Мукофоти баланд барои саҳми барҷаста дар таҳкими
муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Гурҷистон ба роҳбари давлати мо аз ҷониби
Президенти Гурҷистон Михаил Кавелашвили супурда шуд.
Роҳбари Ӯзбекистон ба Президенти Гурҷистон Михаил
Кавелашвили, Сарвазир Ираклий Кобахидзе ва Раиси Парламент Шалва Папуашвили
барои чунин қадрдонии баланд изҳори сипос намуда, ба мардуми дӯсти Гурҷистон
сулҳ, осоиштагӣ ва шукуфоӣ таманно кард.
Ордени «Мӯинаи тиллоӣ», ки соли 1998 таъсис ёфтааст, яке
аз мукофотҳои олии давлатии кишвар ба шумор меравад ва барои хизматҳои махсус
дар таҳкими робитаҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин тарғиби
фарҳанг, илм ва санъати гурҷӣ тақдим мегардад.
Номи орден ба афсонаи қадимаи «Мӯинаи тиллоӣ» ва Колхида
– минтақаи таърихӣ дар ҳудуди Гурҷистони имрӯза вобаста мебошад.
Дар солҳои гуногун ба ин мукофоти баланд Маликаи
Британияи Кабир Елизаветаи II, Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II, Канслери Олмон
Герхард Шрёдер, Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, Президенти Озарбойҷон Ҳайдар
Алиев ва дигарон сарфароз гардидаанд.
Ҳамчунин роҳбари давлати мо дар Китоби меҳмонони фахрии қасри
Орбелиани ёддошти хотиравӣ гузошт.