Ҳангоми наздик шудан ба қаср қаровули фахрии савора мошинеро, ки дар он сарвари давлати мо ва Султони Уммон Ҳайсам бин Ториқ Ол Саид қарор доштанд, истиқбол гирифта, то қаср ҳамроҳӣ кард.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр аз тӯпҳо 21 маротиба мушакҳои тантанавӣ сар дода шуд. Дар майдони назди қаср қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Сарварони давлатҳо ба шоҳсуфа баромаданд. Суруди миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод.

Роҳбарон аъзои ҳайатҳои расмии ҳар ду кишварро хайрамақдам гуфтанд.

Пас аз анҷоми маросими тантанавӣ дар қаср мулоқоти сарони давлатҳо оғоз ёфт.